Activities calendar

12 декабря 2019

Сарсухани академик Раҳмонзода ба китоби “Об – сарчашмаи зиндагӣ”

 Об манбаи ҳаёти инсон буда, унсури калидӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду  бузург ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, ба он арҷ мегузоранд ва бо самимият дар тамоми осори шифоҳию хаттӣ,  адабию фарҳангӣ васфаш мекунанд. Бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониҳояшон вобаста ба масъалаҳои об доир ба аҳаммияти об дар сайёра сухан гуфта, барои тозаю соф нигоҳ доштани обҳои мусаффои кишварамон изҳори назар менамоянд.

Тоҷикистон манбаи пуриқтидори сарчашмаҳои обӣ дар минтақаи