Об манбаи ҳаёти инсон буда, унсури калидӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузург ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, ба он арҷ мегузоранд ва бо самимият дар тамоми осори шифоҳию хаттӣ, адабию фарҳангӣ васфаш мекунанд. Бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониҳояшон вобаста ба масъалаҳои об доир ба аҳаммияти об дар сайёра сухан гуфта, барои тозаю соф нигоҳ доштани обҳои мусаффои кишварамон изҳори назар менамоянд.
Тоҷикистон манбаи пуриқтидори сарчашмаҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, бо обҳои шаффофу софу зулолаш, бо пиряхҳои азиму бовиқораш шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Аз ин рў, Сарвари давлат доимо таъкид менамоянд, ки «Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост.Зеро об ин худи ҳаёт аст, об – ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем».
Ин ишораҳои башардўстонаи Пешвои миллат сабабҳои ҷиддии иҷтимоӣ дорад, зеро оби ошомиданӣ ҳамагӣ як фоизи захираҳои оби Заминро ташкил дода, дар олами имрўза анқариб 40 фоизи аҳолӣ мунтазам аз беобӣ ё камбуди об азият мекашанд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Интизорӣ меравад, ки то соли 2050 теъдоди одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисидошта зиндагӣ мекунанд, аз 2 млрд афзунтар мегардад. Ин маълумоти оморӣ инсониятро водор месозад, ки обро ҳамчун сарвати бебаҳо оқилона ва сарфакорона истифода намояд.
Саовари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланд пайваста баромад карда, диққати ҷаҳониёнро ба проблемаи таъминот бо оби тоза, зарурати ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи он ҷалб менамоянд.
Мо, тоҷикистониён, бо он мефахрем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чаҳор ташаббуси бузурги сатҳи ҷаҳонист: «Соли байналмилали оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 205-2015», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». Ин ташаббусҳои созанда ҳамаи моро на танҳо ба эҳтироми об чун сарчашмаи ҳаёт, асоси ҳастии инсон ва сидқан ҳифз намудани он раҳнамун месозанд, балки ба эҷодкорон рўҳу илҳоми тоза мебахшанд.
Дар баробари адибон рассомон низ ин ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлатро дастгирӣ карда, бо илҳоми саршор аз табиати зебои Тоҷикистон ва обҳои мусаффояш дар асарҳояшон онҳоро васф мекунанд ва бо диди отифона ва назари тасвиргарона ҳар як ин муъҷизаи табиатро қаламкашӣ менамоянд.
Тасвиру нигораҳои Рассоми халқи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ – Исуф Сангов аз ҳамин қабил мебошанд. Вай дар асарҳои пур аз рангу ҷилоҳои дилкаши хеш мавзўи обу ободонӣ ва табиати нотакрори диёри зебоманзари моро инъикос намуда, дар онҳо як ҷаҳон таассуроти баланро таҷассум мегардонад. Дар ин китоби мусавварҳо асарҳои офаридаи ин рассоми хушзавқ ва хушсалиқа, ки аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба масъалаи об сарчашма гирифтаанд, гирд оварда шудаанд.
Бовар дорем, ки ин асари ҷолиб ба ҳаводорони манзараҳои дилкаши Тоҷикистони биҳиштосо писанд меояд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова