“Пешвои хирадоин” китобест фарогири мақолаҳои омӯзгори собиқадор Маҳмадулло Раҷабзода, ки дар чанд соли охир дар рӯзномаи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” интишор шудаанд. Муҳтавои мақолот дастгирӣ ва тавзеҳи барномарезиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаҳои илму маориф, забони давлатӣ ва танзими расму оини миллӣ буда, дорои аҳамияти вижа барои ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Дар бахши “Ҷилои хирад” муаллиф менависад: Таърихи
Вақте сухан аз энергетика ва аз барқ меравад, албатта номи Роғун ба пеши назар меояд. Ҳар як кўдаки тоҷик аз хурдӣ номи Роғунро шунидааст, муйсафедон даст ба дуо мебардоранд, ки Неругоҳи Роғун тезтар бино ёбаду кишвари мо аз танқисии барқ раҳо ёбад. Бебаҳс, ҳамин тавр аст. Вале барои мутахассисон, махсусан мутахассисон ва кормандони соҳаи энергетика, Неругоҳи барқи обии Роғун фаҳмиши амиқтар, мукаммалтар ва манфиатноктареро дорост. Чанд даҳсола боз масъалаи Роғун, баҳси Роғун аҳамият ва манфиати Роғун дар байни мутахассисон, сиёсатмадорон, дўстону бадхоҳон, ҳатто дар байни мардуми одӣ идома доранд. Садҳо китобҳову мақолаҳо нашр гаштанд, даҳҳо таҳлилу
Китоби мазкур соли равон бо талоши донишманди тоҷик Суҳайлӣ Расулов чоп шудааст ва гуфта мешавад, ки он як дастури таълимӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар сарсухан китоб муаллиф навиштааст, ки корҳои хаттӣ воситаи муҳим ва арзишманди саводомӯзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакаву маҳорати толибилмон маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбороти фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву
«Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - феҳристи давлатии матбуоти чопӣ буда, мақсади он сари вақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китоб ва матбуоти даврии дар ҷумҳурӣ нашргардида мебошад. «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопие, ки дар ҷумҳурӣ ҳар семоҳа ба табъ мерасад маълумот медиҳад.
Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоб) то
Маҷмўаи сеюми «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, илмӣ, методӣ ва амалии библиографияи давлатӣ ва миллӣ натиҷаи таҳқиқотҳои илмию амалии солҳои охири олимону мутахассисони ҳирфаиро дар саҳафоти хеш инъикос намудааст. Мусанниф кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақолоти инъикоснамояндаи самтҳои гуногуни таъриху вазъ ва фаъолияти муосири библиографияи давлатиро, ки аз назари илмӣ арзишманд арзёбӣ мегарданд, интихоб ва дар маҷмўа ҷой диҳад. Маҷмўа ба муҳаққиқону мутахассисон, омӯзгорону донишҷўёни соҳаи библиографияшиносӣ ва эҳтиёҷмандони касбу кори гуногун пешбинӣ мегардад.
Ин китоб як дастурамал таълимӣ оид ба иҷрои кори курсӣ ва хатми бакалаврӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ихтисосҳои «Сохтмонҳои зеризаминӣ ва шахтаҳо» ва «Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ»буда, аз ҷониби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ чанде пештар рӯи чоп омадааст. Дар муқаддима мехонем:
Солҳои охир дар мамлакати мо ва хориҷи кишвар бунёди иншоотҳои зеризаминии саноатӣ, шаҳрвандӣ, коммуналӣ ва нақлиётӣ аҳамиятӣ бузург дорад. Бо назардошти ин, дар соҳаи сохтмони кишвар барои коркарди усулҳои бунёди иншоотҳои зеризаминӣ диққати махсус дода мешавад.