Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон. (Китоби 3)
Нашр шуд 2020-12-02 16:42
Маҷмўаи сеюми «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, илмӣ, методӣ ва амалии библиографияи давлатӣ ва миллӣ натиҷаи таҳқиқотҳои илмию амалии солҳои охири олимону мутахассисони ҳирфаиро дар саҳафоти хеш инъикос намудааст. Мусанниф кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақолоти инъикоснамояндаи самтҳои гуногуни таъриху вазъ ва фаъолияти муосири библиографияи давлатиро, ки аз назари илмӣ арзишманд арзёбӣ мегарданд, интихоб ва дар маҷмўа ҷой диҳад. Маҷмўа ба муҳаққиқону мутахассисон, омӯзгорону донишҷўёни соҳаи библиографияшиносӣ ва эҳтиёҷмандони касбу кори гуногун пешбинӣ мегардад.
Мураттибон мегӯянд нашрияҳои ҷории Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон хислати универсалӣ (умумӣ) дошта, ба тамоми гурӯҳҳои хонандагон пешниҳод мегарданд. Аз ин рӯ, метавон иброз дошт, ки малакаю маҳорати касбии библиографони мо имрўз ҷавобгўйи замони муосир аст ва онҳо сарбаландона аз иҷрои таъминоти иттилоотии ҷомеа мебароянд.
Дар баландбардории савияи касбии библиографон олимони соҳа саҳми назаррас доранд ва ҳамеша ба кормандони муассиса ёрии беғаразонаи хешро мерасонанд.
Олимони муассиса тавонистанд якчанд навгониҳои муосирро дар раванди кори муассиса ҷорӣ намоянд. Аз ҷумла, бори нахуст ба сохтори «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуда, ҷобаҷогузории мавод аз рўйи талаботи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ аз соли 2016 ба роҳ монда шуд ва кўмакфеҳристҳои ёрирасони солнома бештар ва барои осон намудани пажўҳиши маводи зарурӣ осонтар гардонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби муҳаққиқон омода ва пешниҳоди мавзўи илмии «Таҳқиқи илмии бойгонии «Палатаи китоби Тоҷикистон», созмондиҳии репертуари мукаммали китоби миллӣ, феҳрасти электронии «Китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2017-2021), роҳандозӣ гардид, ки тавассути он фаъолияти илмии муассиса ҷоннок гардонида шуд ва барои иҷрои мавзўи илмӣ теъдоди муайяни олимон ва муҳаққиқони шинохтаи соҳа аз дохил ва хориҷи муассиса ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд ва маҷмӯае, ки мо имрўз дар даст дорем, самараи кори дастаҷамъии онҳо мебошад.
Маҷмўаи мазкур аз шаш фасл иборат буда, ҳар як фасл дар бахши хеш натиҷаи таҳқиқоти илмии олимону матахассисони ҳирфаиро мавриди интихоб ва инъикос қарор додааст.
Таҳияи Фарзонаи Мирзо