Китоби тозанашр, ки ба забони русӣ (“Ремесленное производство Таджикистана“) нашр шудааст, дар асоси матолиби фавроҳамомадаи мардумшиносӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст.
Ин китоб дарбаргирандаи ҳама матолибест, ки мардумшиносони институт ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон тӯли солҳои 2013-2017 гирд овардаанд ва онро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон чоп кардааст.
Муаллифон - мураттибон: Додхудоева Лариса, Юсуфбекова Зинатмо, Шовалиева Мумина.
Муқарризон: доктри илмҳои таърих Аскарали Раҷабов, номзади илмҳои таърих Бахтиёр Одиназода, мушовир: д.и.т. Лариса Додхудоева
Ин иктобро метавонед аз толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ суроғ кунед.
Моҳира Муродова