Қабл аз зӯҳри имрӯз, 25-уми октябр Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Нур - Султони Қазоқистон) ҷаноби Раҳмат Прамоноро ба ҳузур пазируфт.
Баъди суҳбат атрофи ҳамкориҳои мутақобилаи фарҳангӣ, табодули китоб, таҳкими ҳамкориҳо
Валӣ Самад-донишманди маъруф, пажӯҳишгари тавоно ва адабиётшиноси борикназар баъд аз зуҳри дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз ба хок супурда шуд. Валӣ Самад муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад. Даргузашти Валӣ Самад бидуни шак як талафоти гароне барои илм ва пажӯҳиши тоҷик аст.
Бачаҳо дар маҳфили навбатии “Дастни моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар бораи ҳайвони халтадоре бо номи кенгуру ошно шуданд ва расми онро кашиданду бо истифода аз ашёи конселярӣ онро сохтанд.
Кенгуру ҳайвони пистондорест, ки барои табиати Тоҷикистон бегона аст. Аммо хонандагон бояд маълумот дар бораи он ҳайвонҳое ҳам дошта
Маҷмўаи мақолаҳо ва матнҳо ба ифтихори 50 - солагии «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ки зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муҳаррири китоб академик Носирҷон Салимӣ, мураттибон Сайфиддин Назарзода ва Шамсиддин Муҳаммадӣ
Маҷмўа мақолаҳоеро фаро мегирад, ки ба таҳлилу баррасии масъалаҳои мақоми «фарҳанги забони тоҷикӣ»дар ҷомеаи фарҳангии тоҷикон, нақши он дар ташаккули фарҳангнигории тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар пешрафти забону адабиёти тоҷик дар робита ба 50- солагии ин асари муҳим ихтисос ёфтааст.
Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нишасти 10-уми Ҷаласаи Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони масъул аз кишварҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбекистон , Тоҷикистон ҳамчунин, дар реҷаи фосилавӣ кишварҳои Арманистон ва Молдова ширкат намуданд.