Сухан аз устод Баҳриддин Камолиддинов аст. Яке аз маъруфтарин устодон дар риштаи забон, ки умре аз услубшиносӣ дарс гуфтаву даҳҳо китобу садҳо мақола дар бораи забони модарии мо иншо кардаанд. Рӯзи 8-уми октябр устод Камолиддинов ба синни мубораки 84 қадам мегузоранд. Рӯзи 3-уми октябр дар Мизи мудаввари Китобхонаи миллии Тоҷикитсон, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, ҳузур ёфтанд ва андешаҳои худро роҷеъ ба
Шарафи пайдо кардани ин чанд байт низ чун 3 байте, ки чанд рӯз пеш ироа шуда буд, ба донишмандони эронӣ, устодони Донишгоҳи Аҳвоз Насруллоҳ Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷод Деҳқон тааллуқ мегирад. Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанге ношинохта” дар шумораи 2, поизи 1397 маҷаллаи шеърпажуҳии “Бӯстони адаб” –и Донишгоҳи Шероз чоп шудааст.