Аз таваллуди шоири маъруф Махсум Олимӣ 63 сол гузашт ва рӯзи 24-уми октябр ба марги фоҷеабораш 27 сол пур мешавад. Яъне 27 сол аст, ки мо аз ӯ шеъри нав намехонем. Махсум Олимӣ аз зумраи шоирони навнависи кишвар буд, ки ҳар шеъраш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ба хушӣ истиқбол мешуд. Вале дардову дареғо, ки бар асари як фоҷеа бармаҳал аз миёни мо рахти сафар барбаст. Қотилонаш то кунун маълум нестанд. Махсум ҳам аз ҷумлаи ҳамон ҳазорон шаҳиди ҷанги дохилист, ки на иллати куштораш маълум шуд ва на қотилонаш пайдо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Китоби тозанашр, ки ба забони русӣ (“Ремесленное производство Таджикистана“) нашр шудааст, дар асоси матолиби фавроҳамомадаи мардумшиносӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст.
Ин китоб дарбаргирандаи ҳама матолибест, ки мардумшиносони институт ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон тӯли солҳои 2013-2017 гирд овардаанд ва онро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон чоп кардааст.