Розиам худ бинам умри кӯтаҳе..
Аз таваллуди шоири маъруф Махсум Олимӣ 63 сол гузашт ва рӯзи 24-уми октябр ба марги фоҷеабораш 27 сол пур мешавад. Яъне 27 сол аст, ки мо аз ӯ шеъри нав намехонем. Махсум Олимӣ аз зумраи шоирони навнависи кишвар буд, ки ҳар шеъраш аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ ба хушӣ истиқбол мешуд. Вале дардову дареғо, ки бар асари як фоҷеа бармаҳал аз миёни мо рахти сафар барбаст. Қотилонаш то кунун маълум нестанд. Махсум ҳам аз ҷумлаи ҳамон ҳазорон шаҳиди ҷанги дохилист, ки на иллати куштораш маълум шуд ва на қотилонаш пайдо. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Махсум Олимӣ 10-уми октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба шеъргӯӣ соли 1973 сар карда, соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар матбааи шаҳри Душанбе ба ҳайси барқчӣ кор кардааст.
Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ соли 1975 рӯи чоп омадааст. Ҳамчунин, дар давраи донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста чоп мешуданд.
Соли 1984 Институти адабиёти СССР бо номи А. М. Горкийро дар шаҳри Маскав бо муваффақият ба охир расонид. Дар ин муддат шеъру навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Бадахшони советӣ», «Коммунисти Исфара», «Коммунист», «Роҳи коммунизм», «Роҳи ленинӣ», «Паёми Душанбе» ва маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Помир» бо мазмунҳои тоза ба тоза нашр мешуданд. Баъди хатми Институти адабии шаҳри Маскав ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, ҳамзамон бо матбуоти даврӣ ҳамкориҳои хуб дошт.
Махсум Олимӣ солҳои 1985 то 1991 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор кору фаъолият кардааст. Махсусан солҳои 1987-1989 ҳангоми дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигори шӯъбаи маориф ва фарҳанг кор карданаш ӯ бештар ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, забон ва адабиёт рӯ оварда, як силсила мақолаҳои ҷолиб навиштааст.
Китоби нахустини шоир бо номи «Бӯи умед» соли 1985 дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.
Махсум Олимӣ дар баробари фаъолияти шоирию рӯзноманигорӣ, инчунин ба тарҷумаи осори халқҳои шӯравӣ низ машғул шуда, шеърҳои шоирон Тоҳир Тохис (Озорбойҷон), Мӯсо Низом (Озорбойҷон), Арбен Кардашов, Райсат Саидова (Доғистон), Рашад (Озорбойҷон), Оразгул Оннаева (Туркманистон), Олег Хлебников (РС ФСР), Анатолий Сафронов, Албертина Иванова, Виктор Авотиниш (Латвия), Лорина Бэлтияну (Молдавия), Морис Посхишвили ва Надежда Емеляноваро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар матбуоти даврӣ ба нашр расонидааст.
Бештари ашъори Махсум Олимӣ ба забони русӣ ва қисме аз шеърҳои ӯ ба забонҳои украинӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, чувашӣ, болқарӣ, лагзӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
24-уми моҳи октябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе дар як ҳодисаи мудҳише аз тарафи нафарони номаълум кушта мешавад.
Мақбараи Махсум Олимӣ дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ гузаргоҳи аҳли назар шудааст.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд буд.
Дар Китобхоани миллӣ аз Махсум Олимӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед мутолиа кунед:
Бўи умед: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 64 с.
Хандаи бахт; Мисраҳо: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1980. – 27 июл.
Нома: Шеър // Садои Шарқ. – 1981. – №7. – С. 84-85.
Сўи диёр мебарад; Мани ошиқ…: Шеърҳо // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 16 декабр.
Барф мерезад: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 5 декабр.
Шафақи меҳр: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 8 март.
Роҳ; Мани ошиқ: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1985. – 7 декабр.
Эҳсоси дил; Духтаре дидам; Шаби тўй: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 24 март.
Падар; Дуои падар; Мероси падар: Шеърҳо // Меҳри падар. – Душанбе, 1988. – С. 194-195.
Дурўяҳо: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 9 декабр.
Олимӣ, М. Ғазали муаммо // Оинаи зиндагӣ. – 1992. – 5 март.
Дар бораи адиб:
Боқӣ, С. Сўи кўҳсорам биё…: Шеър ба ёди шодравон Махсум Олимӣ // Ҷумҳурият. – 1992. – 1 январ.
Мунавваршоҳ, К. Умри инсон кўтоҳ асту…: Ба хотири шоири ҷавони боистеъдод Махсум Олимӣ // Паёми Душанбе. – 1993. – 17 июн.
Саидалим, А. Қиссаи андўҳбари марги ў ҳар кас шунид…: Шоири ғурамарг Махсум Олимов // Адабиёт ва санъат. – 2006 . – 26 октябр.
Назрӣ, Фарзон. Шоире аз кўҳсорони баланд: Ёде аз шоири зиндаёд Махсум Олимӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 30 октябр.
Олимӣ, Ш. Назаре перомуни як фардбайти Махсум Олимӣ: Ба муносибати зодрўзи шоири халқӣ, шодравон Махсум Олимӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 23 октябр.
Боқизода, М. Сад ҳайфу дареғи Олим…: Ёде аз шоири шаҳид Махсум Олимӣ // Нигоҳ. – 2016. – 19 октябр.
Назар, И. (Исфандиёр). Дар нигоҳам ҷаҳон ба гиря бувад…: Ёде аз шоири шаҳид Махсум Олимӣ // Имрўз Neus. – 2016. – 30 август.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ
Ёфтаҳои дигар аз Махсум Олимӣ
Олбуми акс: Рӯзноманигорони кушташудаи тоҷик - 1992-2000
Дар кӯчаҳои холӣ… (Ёде аз Махсум Олимӣ)
Шоири беозор ва душманони ғаддор
Бо ғами дил пеши бедил орамидан хуб нест
Махсум Олимӣ (ин шеър дар 25-солагӣ навишта шуда, яъне соли 1981...)
Б оре ...( Армуғоне ба Шаҳриёри Олим)
Чанд сатр дар бораи санги Махсум Олимӣ
Khosiyati Zarafshoni - Tashnai obi Zarafshonam hanuz (видео)
Дар нигоҳам ҷаҳон ба гиря бувад...
Тасвири шоири шаҳид Махсум Олимӣ бо қалами Беназир
Назирае аз шоири шаҳид Махсум Олимӣ бар ғазале аз абарустод лоиқ шералӣ
Дар ботини Махсум Олимӣ ҳама чӣ буд...
Ба масъулини ҳафтаномаи "Фараж" ва рӯзноманигор Фирӯзаи Шариф
Руси
Памяти Отахона Латифи, учителя, соратника и друга посвящается
Лаҳзае бо шеър. Махсум Олимӣ
Зиндаву ҷовид монд...
Киссаи ду харбузаи Боки Рахимзода
Навори таърихӣ бо садои Махсум Олимӣ
Худо аз дарди номардӣ нигаҳ дор... Ширу шакари Махсум Олимӣ ва Хосияти Зарафшонӣ 1987 (Қисми 2)