Ёде аз Габриэл Гарсиа Маркес

“...вақтҳое, ки вай байни оддитарин ташвишҳои рўзгор ва муҳимтарин корҳои давлат фарқе намегузошт-ҳамаашро як хел, бесаброна ва ниҳоят бо ҷиддият иҷро мекард, вақтҳое, ки вай эътимоди комил дошт бо воситаи обутоби ҳарбӣ одамонро хушбахт кардан ва маргро фиреб додан мумкин аст!

Оқибат чӣ? Як пири фартут. Ва ақл бовар намекард, ки ин пири фартут ҳамон одамест, ки ҳукмаш ҳудуд надошт, ҳамон одамест, ки агар мепурсид, соат чанд аст, ба ў ҷавоб медоданд: “Ба шумо соати чанд даркор, генералам”!

Ва алҳақ  гардиши вақт дар ихтиёри ў буд; агар лозим бошаду раво донад, фармон медод, ки рўзро шаб гўед ва шабро рўз ва идҳои анъанавиро пешу пас мебурд, тақвимро тавре тартиб медод, ки ҳар сафараш ба ин ё он ноҳияи мамлакат ба рўзҳои ин ё он ид рост меомад...”

Порае аз румони “Хазони умри одамхудо”
Се сол пеш дар ҳамин шабу рӯз дар бораи Габриэл Гарсиа Маркес, муаллифи мондагортарин румонҳо ва қиссаву ҳикояҳо зиёд менавиштанд. Чун се сол пеш ҳамин рӯзҳо, аниқтараш 17-уми апрел аз олам даргузашт.
Аммо ҳар гоҳе агар аз ӯ ёд кунанд, ба муаллифи “Сад соли танҳоӣ” буданаш ишора мекунанд. Ин румоне буд, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ҳарчанд мегуфт, ин асарро  ба он хотир навишт, ки хонандагонаш “Ба полковник касе наменависад”-ро хонанд.
Аз Маркес се асари хеле маҳбубаш бо забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. “Хазони умри Одамхудо”-ро ҳанӯз аввали солҳои 80 адиби маъруф Ӯрун Куҳзод тарҷума кард. Румони “Сад соли танҳоӣ” ва қиссаи “Ба полковник касе наменависад”-ро Абдулғаффори Абдуҷаббор ба тоҷикӣ градонд, ки ин се асар дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад.
Габриэл Гарсиа Маркес 6-уми марти соли 1927 ба дунё  омадааст ва 17-уми апрели соли 2014 дар Мехико аз олам рафтааст. Аз машҳуртарин адибони садаи бист ва аввали асри 21 буд. Аз намояндагони равияи адабии “реализми ҷодуӣ” маҳсуб мешуд ва дар ин равия хеле муваффақ
будааст.
Аз соли 1950 ба журналистика ва нависандагӣ рӯ овардааст. Барояш асарҳои адибоне чун Эрнест Хеменгуей, Уилям Фолкнер, Ҷеймс Ҷойс, Франс Кафка таъсири бузург расондаанд. Омӯзиши пайвастаи эҷодиёти онҳо роҳро барои нависандагӣ ба Маркес боз кардааст.
Повести аввалинаш бо номи “Ба полковник касе наменависад” соли 1961 рӯи чоп дид. Аммо китобе, ки 2 ҳазор адад нашр шуда буд,  ҳамагӣ 800 донаи он ба фурӯш рафт.
Ба Маркес румони “Сад соли танҳоӣ” маъруфият овард. Соли 1972 барои ин асараш адиб соҳиби ҷоизаи Ромуло Галегос шуд.
Соли 1982 ба дарёфти ҷоизаи Нобел мушарраф шуд. Ва ҳангоми қабули ин ҷоиза бо номи “Танҳоии Амрикои Лотин” суханронӣ кард.
Маркес дар як муддати кутоҳ ба шахси обрӯмандтарини қитъаи Амрикои Лотин табдил ёфт. Ба ҳадде, ки замони президентии Билл Клинтон вай бо хоҳиши шахсии президенти Мексика Карлос Салинас де Гортари дар гуфтушунидҳои Клинтон ва Фидел Кастро миёнарав шуд.
Дар бораи Маркес ва асарҳои ӯ метавон хеле зиёд ҳарф зад. Вале ҳадаф аз ин навишта ёдоварии адиби маъруф ва тарғиби хонандагон ба мутолиаи китобҳои ӯ дар Китобхонаи миллист. 

Дар Китобхонаи миллӣ аз Габриэл Гарсиа Маркес  шумо, азизон метавонед ин китобҳо ва мақолаҳоро бихонед:

  • Габриэл Г.М. Хазони умри одамхудо : Роман /Аз русӣ тарҷумаи У. Кўҳзод . – Душанбе: Ирфон, 1983
  • Габриэл Г.М. Ба полковник кассе наменависад: Қисса /Аз русӣ тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор. – Душанбе: Ҳумо, 2007. – 128 с.
  • Габриэл Г.М. Сад  соли танҳоӣ: Роман /Аз русӣ тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор. – Душанбе: Адиб, 2011. – 532 с.
  • Габриэл Г.М. Незабываемый день в жизни Бальтасара: Рассказы /Перевод с испанского  Ростислава Рыбкина. – Москва: Правда, 1978. – 46 с.
  • Габриэл Г.М. Осень Патриарха: Роман / Перевод с испанского  В. Тараса и К. Шермана. – Москва: Худож. Литература, 1978. – 270 с.   
  • Габриэл Г.М. Недобрый час: Роман и рассказы / Перевод с испанского  Ялтова, М. . – Москва: Молодая Гвардия, 1975. – 208 с.
  • Габриэл Г.М. Хазони умри одамхудо: Порча аз роман //Газетаи муаллимон . – 1983. – 26 феврал.
  • Маркес, Г. Дар журналистика имтиёз нест: Аз суханрониии нависандаи колумбиягӣ Гарсия Маркес дар конфронси  ҷамъиятии  байниамрикоии матбуот  (Лос-Анҷелес, 7-октябри соли 1996) // Фараж. –2016. –26 октябр.