Субҳи имрӯз, 26-уми март бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – таълимӣ таҳти унвони «Маърифат чароғи саодат аст» баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарони муассисаи таҳсилоти умумии назди Донишгоҳи тоҷикӣ – славянӣ, хонандагони мактаб ва кормандони КМТ ширкат варзиданд.
Маҷаллаи «Китобдорӣ» иборат аз 32 саҳифа зери назари директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», профессор Сайфиддин Назарзода аз чоп баромад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўз то рўз дар ҳама самтҳои фаъолияти худ, хусусан ҷалби хонандагон, ташрифи хонандагон, диҳиши адабиёт, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ғанигардонии фондҳои китобӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар самтҳои фаъолияташ қадамҳои устувор ба пеш мегузорад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари рўшди самтҳои фаъолияти зикршудаи китобхона, ҳамчунин шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ-фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи
Дарси омӯзиши забони инглисӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Шуъбаи хизматрасонии махсус аз сар гирифта шуд.
Дар айни замон дар он 10 нафар аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони шуъба омӯзиш мебинанд.
Омӯзиши забонҳо дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ҳафтае ду маротиба-рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе барои касоне роҳандозӣ мешавад, ки ятим, нимятим ва афроди дорои имкониятҳои
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро “аниси кунҷи танҳоӣ”-ву «фvpyғи субҳи доноӣ» номидааст.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субии доноӣ китоб аст.
Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, ба сайри хаёлии олам барояд.