Имрӯз шояд пурбортарин рӯз дар ободонии саҳни Китобхонаи миллӣ буд. Душанбе, ки рӯзи истироҳат барои кормандони китобохона аст, вале ҳамагӣ аз сари субҳ ҷамъ омаданд ва ба корҳои аз дирӯзу рӯзҳои қабл боқимонда идома доданд.
Паси бино собиқ кинотеатри ба номи Ҷомӣ, ки ҳоло баъди аз миён рафтанаш ба як майдони васеъи замини холӣ табдил шудааст, акнун омодаи ба сабзазор бадал шудан аст.
Кормнадони Китобхона имрӯз ҳама саҳни онро
Аксари устоди имрӯзи факултаи филологияи Донишгоҳои миллӣ шогирдони устод Ҳусейнзодаанд. Дар сар то сари кишвар садҳо тан аз шогирдонаш ҳоло ҳам дар макотиби олӣ ва миёна дарс мегӯянд. Он чӣ аз назмшиносӣ хондаем, ҳама аз баракати дарсҳои устоди Шарифҷон Ҳусейнзода буд.
Шарифҷон Ҳусейнзода 10-апрели соли 1907 дар шаҳри Конибодом ба дунё омад.
Соли 1926, айёме, ки 19 сол дошт, омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Бокуро хатм кард. Дар бистучорсолагӣ факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии осиёимиёнагиро ба анҷом арсонд ва муддате дар ҳамин донишгоҳ дарс