Ёде аз профессор Шарифҷон Ҳусейнзода

Аксари устоди имрӯзи факултаи филологияи Донишгоҳои миллӣ шогирдони устод Ҳусейнзодаанд. Дар сар то сари кишвар садҳо тан аз шогирдонаш ҳоло ҳам дар макотиби олӣ ва миёна дарс мегӯянд. Он чӣ аз назмшиносӣ хондаем, ҳама аз баракати дарсҳои устоди Шарифҷон Ҳусейнзода буд.
Шарифҷон Ҳусейнзода 10-апрели соли 1907 дар шаҳри Конибодом ба дунё омад.
Соли 1926, айёме, ки 19 сол дошт, омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Бокуро хатм кард. Дар бистучорсолагӣ  факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии осиёимиёнагиро ба анҷом арсонд ва муддате дар ҳамин донишгоҳ дарс гуфтааст. То соли 1932 ассистенти кафедраи филологияи Эрони ҳамин донишгоҳ буд.
Соли 1935 аспирантураи Донишгоҳи забон ва адабиёти Тошкандро хатм кардааст.
Солҳои 1932-43 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи педагогии Душанбе; солҳои 1943-1947 директори Институти таърих, забон, адабиёт ва археологияи бахши Тоҷикистони АФ  СССР;  солҳои 1948-1958 мудири сектори адабиёти Институти забон ва адабиёти  АФ РСС Тоҷикистон; солҳои 1962-84 мудири кафедраи таърихи адабиёти классики тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
Соли  1982 ба дарёфти унвони ифтихори профессор, ҷоизаи адабии давлатии Рўдакӣ, унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Нахустин мақолаҳои адабиётшиносии ў ба соли 1925 мансубанд. Сипас як силсила мақолаҳояш оиди таърихи адабиёти классикию советии тоҷик, назарияи адабиёт, анъана ва робитаҳои адабӣ солҳои сиюм дар матбуоти тоҷик ба табъ расидаанд.
Бо чанд нишон ва ифтихорномаҳои ҳукумати замон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1947 узви ИН буд.
20-декабри соли 1988 аз олам даргузашт.
Пажуҳишҳои илмии устод Шарифҷон Ҳесейнзода ҳамоно аҳаммияти худро гум накардаанд ва чун дастуру адабиёти илмӣ дар донишгоҳҳои кишвар омӯхта мешаванд.
Ин навиштаҳои профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаро метавонед аз Китобхонаи миллӣ дарёфт ва мутолиа намоед:

  • Ҳусейнзода, Ш. Арўз: Илми вазни шеър // ЭСТ. – 1978; ҷ.1. – С. 254-256.
  • Ҳусейнзода, Ш. Борбардори адабу фарҳанги тоҷик: Раҳим Ҷалил // Маориф ва маданият. – 1978. – 21 ноябр.
  • Ҳусейнзода, Ш. Ангезаи меҳр: Ба муносибати 70-солагии Раҳим Ҷалил // Маориф ва маданият. – 1979. – 14 июл.
  • Ҳусейнзода, Ш. Бо роҳи некӣ: Аз ҳаёти академики Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон дар соҳаи тиб Тоҷиев Комил Тоҷиевич // Тоҷикистони советӣ. – 1980. – 28 октябр.
  • Адабиёти ватан: Барои синфҳои 7 / Нашри 17. – Душанбе: Маориф, 1981. – 248 с.
  • Ҳусейнзода, Ш. Мактуб ба 70-ум солгарди тавлиди устод нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. –  19 январ.
  • Ҳусейнзода, Ш. Марди ориятталаб: Нақли профессор Ш. Ҳусейнзода бахшида ба 70-солагии драматурги тоҷик Fанӣ Абдулло // Газетаи муаллимон. – 1982. – 6 март.
  • Ҳусейнзода, Ш. Наврўзи меҳрафрўз // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. –  23 март.
  • Ҳусейнзода, Ш. Гуфтор аз ганҷи сухан. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 224 с.
  • Ҳусейнзода, Ш. Каломи манзум: Оиди моҳияти шеър ва санъатҳои бадеӣ. – Омўзгор. – 1997. – 10 апрел.

Адабиёт дар бораи Шарифҷон Ҳусейнзода
Имронов, С. , Воҳидов, С. Роҳи донишро ба ҳар гуна забон...: Ба муносибати 85-солагии зодрўзи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода // Садои мардум. – 1992. – 6 май.
Азиз медорам баҳорро: Порча аз китоби адабиётшиноси маъруф, шодравон Шарифҷон Ҳусейнзода “Ангезаи меҳр” // Анбоз. – 1993. – 17-23 март.
Файзи сўҳбати равшандилон: Ба пешвози 100-солагии зодрўзи  Шарифҷон Ҳусейнзода // Омўзгор. – 2007. – 6 апрел.
Самимӣ, М. Панди пири доно: Ёде аз адабиётшиноси номӣ ва педагоги барҷаста Шарифҷон Ҳусейнзода  // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 1 октябр.
Иззат. Як саропо шеър: Ба ёди профессор Шарифҷон Ҳусейнзода // Адабиёт ва санъат. – 1990.
 

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ