Имрӯз Барзу Абдураззоқов-ҳунарманди маъруф, инсони донишманду заковатпеша ба синни мубораки 60 қадам гузошт. Барзу Абдураззоқов аз ҷумла шинохтатарин ҳунармандонест, ки дар хориҷи кишвар ҳам хуб мешиносанд. Зарфи чанд соли охир вай бо даъвати театрҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар саҳнаи театрҳои гуногуни ин мамлакатҳо спекталҳоеро ба саҳна гузоштааст, ки мавриди истиқболи гарми ҳаводрони санъати театрӣ гардидааст.
Коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов 19 сентябри соли 1959 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Факултаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1980) ва курси коргардонии Институти давлатии санъати театрии шаҳри Маскавро (1984) ба итмом расонида, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Театри таҷрибавии «Ҷазира», Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ба сифати роҳбари бадеӣ ва коргардон кор кардааст.
Спектаклҳоро дар театрҳои Қазон, Омск, Магнитогорск, Тошканд, Алма-ато, Бишкек рўи саҳна гузоштааст.
Беш аз 50 намоишнома маҳсули заҳматҳои ӯ мебошанд, ки солҳои гуногун дар театрҳои мухталифи кишвар ва берун аз он ба саҳна гузошта шудаанд. Аз ҷумла, «Отелло», «Антигона», «Шаҳраки мо», «Зоғ», «Стансияи О», «Скапен», «Девонагӣ-93», «Муҳоҷирон», «Шабпарак хоб дид», «Хизматгори ду хоҷа» таҳия намудааст. Муаллифи спектаклҳои «Роҳи дароз ба Макка», «Омурзиш» мебошанд
Барзу Абдураззоқов коргардони як силсила филмҳои ҳуҷҷатӣ аст. Дар филмҳои бадеии «Ғариб», «Замони алафи зард» нақш бозидааст.
Бозчоп аз “Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон”. – Душанбе, 2018. – С. 237.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Барзу Абдураззоқов ва дар бораи вай ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
«Шабпарак…» аз Олмон баргашт: Мусоҳибаи Қ. Собир бо коргардони ин намоишнома Барзу Абдураззоқов // Чархи гардун. – 2000. – 24 ноябр.
«Издивоҷ паёми ишқ нест!: Мусоҳибаи М. Қодир, Б. Қодирдухт бо таҳиягар, ҳунарманд, Б. Абдураззоқов, ки сазовори ҷоизаи олии фестивал-озмуни «Парасту» гашт // Чархи гардун. – 2001. –24 ноябр.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани унвони фахрии «Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон» ба роҳбари бадеии Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Абдураззоқов Барзу Ҳабибуллоевич // Садои мардум. – 2001. – 31 август.
«Вазифадорам сухани нав бигўям»: Мусоҳибаи А. Раҳим бо саркоргардони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ Барзу Абдураззоқов, оиди пешравии театр // Ҷумҳурият. – 2002. – 13 июн.
Браво Барзу: Фаъолияти эҷодии коргардон Барзу Абдураззоқов // СССР. – 2009. – 19 март.
Мо агар мардумро ба инқилоби фикрӣ даъват накунем, гунаҳкорем!: Нишасти матбуотӣ бо коргардон Б. Абдураззоқов // Озодагон. – 2009. – 26 март.
Ҷоизаи Рўдакиро шахсони тасодуфӣ мегиранд: Сўҳбати Г. Соқиева бо коргардон Барзу Абдураззоқов // Фараж. – 2010. – 25 август.
Вақте, Барзу рафт…: Мусоҳибаи рўзноманигор О. Нозир бо режиссёри берун аз ватан Барзу Абдураззоқов // Тоҷикистон. – 2018.- 29 август.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ