Мухтор Ашрафӣ: чеҳраи мондагоре, ки тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод кардааст
Дар бораи Мухтор Ашрафӣ метавон зиёд гуфту навишт. Як чеҳраи барҷастаи фарҳангу маданият дар Тоҷикистон ва Узбекистон буд. Дар 63 соли умраш аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт ва оҳангҳои эҷодкардаи вай имрӯз ҳам иҷро мешаванд ва таъсир доранд. Асарҳои калонҳаҷми ӯ, бахусус операҳое, ки бо ду забон дар Душанбе ва Тошканд эҷод кардааст, ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллатанд.
Ашрафӣ Мухтор Ашрафович (25. 5. 1912, Бухоро – 15. 12. 1975, Тошканд), композитор ва дирижёри тоҷик, яке аз саромадони операи Шарқ, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1951), профессор (1953), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Ўзбекистон ва ҶШС Тоҷикистон (1970).
Хатмкардаи Интернати омўзиши мусиқӣ ва хореографияи ш. Самарқанд (1930), Консерваторияи Маскав (1936, синфи композитсияи С. И. Василенко) ва факти дирижёрии Консерваторияи Ленинград (1948, ба таври экстернӣ).
Солҳои 1930-43 дирижёр ва роҳбари бадеии Театри калони опера ва балети Ўзбекистон ба номи Навоӣ (Тошканд), 1944 – 52 муаллим ва 1953-75 проффесор (ҳамзамон аз соли 1971 ректор) Консерваторияи Тошканд буд. Ашрафӣ бо ҳамкории С. Н. Василенко нахустин операи ўзбекии «Бўрон»- ро навишт. Муаллифи операҳои «Канали бузург» (ҳамроҳи С. Н. Василенко, 1941), «Дилором» (1958), «Дили шоир» (1962), балетҳои «Тўмори ишқ» (1969), «Темурмалик» (1972), Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ), «Симфонияи қаҳрамонӣ» (1942, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1943), сюитаи оркестрии «Фарғона», контатаҳои «Ўзбекистон» ва «Суруди бахт» (1951, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1952), мусиқӣ ба филмҳои «Кишвари баҳор» (1937), «Насриддин дар Бухоро» (бо ҳамкории композитор Б. Арапов), «Хоҳарон Раҳмоновҳо» (коргардон К. Ёрматов, 1954), «Наташахонум» (коргардон Л. Файзиев), «Симурғ» (коргардон Ҳ. Файзиев, 1971), филми бадеии дусериягии «Субҳи Ганг» (коргардон Ҳ. Файзиев, муаллифи сенария М. Турсунзода) ва ғайра. Асарҳои офаридаи Ашрафӣ дорои лиризми баланд буда, обуранги хосси миллӣ доранд. Ашрафӣ барои пешравии мусиқии тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додаст.
Ў соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон омада, бо супориши радиои навтаъсиси ҷумҳурӣ дар асоси оҳангҳои халқӣ 20 суруди тоҷикӣ офарид. Соли 1932 дар ҳайати ансамбли консертии Тоҷикистон ба шаҳри Ленинград сафар намуд. «Сюитаи рақсии тоҷикӣ» яке аз беҳтарин асарҳои ў буд.
Ашрафӣ муаллифи китоби «Рўзномаҳои Ҳиндустон», якчанд очерк ва зиёда аз 60 мақола дар мушкилоти санъату мусиқӣ аст. Фаъолияти эҷодии Ашрафӣ чун дирижёри опера ва симфония зиёда аз 40 сол давом кардааст. Дар барномаи консертии Ашрафӣ асарҳои симфонии классикони русу аврупоӣ ва композиторони шўравӣ («Кармен», «Княз Игор», «Иоланта», балетҳои «Кўли қувон», «Спартак», «Дон Жуан», «Дон Кихот» ва ғайра) мавқеи намоён доштанд. Ашрафӣ муаллифи дар Осиёи Марказӣ аввалин филм – операи «Дилором» (коргардон А. Ҳамроев, 1967) ва аввалин филм – балети «Қиссаи қалъаи кўҳна» (коргардон Л. Файзиев) мебошад.
Солҳои охири умраш якчанд асари калон офарид: балети «Шамшер ва муҳаббат» (варианти нави балети «Темурмалик», 1974, ораторияи «Достони Рустам» (1974, ба муносибати ҷашни 50-солагии Тоҷикистон), романсҳо ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ («Саҳар булбул ҳикоят…», «Ғами ту дорам»), А. Лоҳутӣ («Эй санами Шарқ») ва М. Турсунзода («Дилам хоҳад баҳори зиндагиро», «Суруди арўсӣ»).
Ашрафӣ дар толорҳои Театри калони академияи давлатии ИҶШС, Театри опера ва балети ба номи С. М. Кирови Ленинград, Театри академии опера ва балети Белоруссия, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва дар давлатҳои Миср, Ҳиндустон, Сейлон ҳунарнамоӣ кардааст. Асарҳои ў дар саҳнаи театрҳои Русия, Ҳиндустон, Шри - Ланка, Туркия, Миср, Юнон, Лубнон иҷро карда шудаанд.
Дорандаи мукофоти давлатии ИҶШС (1942, 1951), Мукофоти давлатии Ўзбекистон ба номи Ҳамза (1970), мукофотҳои байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1972) ва Ҷамол Абдунносир (1973). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои «Нишони Фахрӣ», Ситораи Гарибалдӣ (Итолиё, 1954), Анвар Содот (АМА, 1973) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи милли тоҷик”. – Душанбе: Эр-граф, 2013. – С. 196-197.
Дар бора Мухтор Ашрафӣ дар Китобхонаи миллӣ метаовнед ин матолибро низ суроғ кунед:
Ашрафӣ Мухтор: Бастакор ва дирижёри тоҷик ва ўзбек // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 206.
Шерхон, У. Мухтор Ашрафӣ: Ҳаёт ва фаъолияти композитор ва дирижёри шинохтаи тоҷик // Ҷумҳурият. – 2016. – 9 апрел.
Айнӣ, К. Воломарди мусиқӣ: Ёди неки Мухтор Ашрафӣ // Ҷумҳурият. – 2002. – 15 июн.
Раҳмонов, А. Осорхонаи Ашрафӣ ифттитоҳ меёбад: Дар ноҳияи Ленин бахшида ба бастакори номии тоҷик, дирижёр ва асосгузори санъати операвии Шарқ Мухтор Ашрафӣ // Адабиёт ва санъат. – 22 июл. – С. 2.
Раҳмонов, А. Осорхонаи Ашрафӣ; Ёди оҳангсоз: Рўйдодҳои фарҳангӣ // Паёми Душанбе. – 1994. – 18 июн.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ