Activities calendar

19 февраля 2019

“Афсонаҳои мардуми Паря” чӣ китобест?

  Забон ва фолклори халқияти Паря шасту ду сол пеш аз ин (1954) аз ҷониби донишманди барҷастаи эроншинос Иосиф Михайлович  Оранский ба аҳли илм муаррифӣ шуда буд. Пажуҳишҳои Оранский бахшида ба ҷабҳаҳои мардумшиносӣ, забоншиносӣ ва намунаҳои фолклории халқияти Паря дар солҳои шастум ва ҳафтодуми қарни гузашта дар шакли мақолаҳои илмӣ ва ду монография ба чоп расидаанд.

   Агарчи аз чопи монографияи охирини Оранский (Фольклор и язык гиссарских парья (Средняя Азия). Введение, тексты, словарь.- М.: Наука главная редакция восточной

Таронаҳои Содиқ Нуруллоевро дар Китобхонаи миллӣ метавонед шунавед

   Хизматҳои Содиқ Нуруллоевро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  соли 2005 бо медали «Хизмати Шоиста» ва соли 2011 бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Содиқ Нуруллоев имрӯзҳо дар Консерваторияи миллӣ ҳамчун устод кор ва фаъолият дорад. Шогирдони  ӯ дар саҳнаи театри тоҷик бо ҳамроҳии устод фаъолият доранд. Инҳо: Комрон Содиқов, Нарзулло Болтуев, Шуҳрат Алимардонов, Назира Сангинова, Фирӯз Зоҳирзода ва дигарон.

Содиқ Нуруллоев 5-уми  июни соли 1961 дар