Бармакиён хонадони ҳукуматгари қадими тоҷикон, ки аслашон аз Балх будааст. Дар маъбади Навбаҳор мубад ва соҳиби амволи бисёри ғайриманқула буданд. Бармакиён дар дарбори шоҳони Бохтар вазифаҳои вазирӣ, дабирӣ, мубади мубадонро иҷро намуда, дар давлати Сосониён низ мақоми баланд доштанд. Мувофиқи ривоятхо маъбади Навбаҳоррро шоҳи Каёнӣ Луҳросп асос гузоштааст ва то истилои араб маркази бузургтарини дини зардуштӣ маҳсуб мешуд. Дар давраи Сосониён яке аз оташкадаҳои номӣ буд.
Бармак исми хос нест, балки унвони саркоҳини ин маъбад буд, ки дар фалсафа, нуҷум ва тиб тасаллут дошт. Соли 705 бародари Қутайба ибни Муслим – Абдурраҳмон аҳли хонадони Бармакро асир гирифт, аммо азбаски оли Бармакиён миёни мардум шуҳрат доштанд, онҳо ба корхои вазорати хилофат ҷалб гардиданд. Писари Бармак – Ҷаъфарро ба Димишқ оварда, вазифаи вазирӣ доданд, баъдан писари Ҷаъфар – Холид (710-781) дар замони халифа Саффоҳ (750-754) сардори девони лашкару хироч таъйин шуд, солҳои 765-769 волии Табаристон гардида, шаҳри Мансурро бунёд ва дар сохтмони Бағдод ширкат намуд. Халифа Мансур (754-775) Холидро волии Мавсил, писари ӯ Яҳёро волии Озарбойҷон таъйин кард. Нуфузи Бармакиён дар ахли халифа Маҳдӣ (775-785) боз ҳам афзуд. Яҳё парастори писари Маҳдӣ – Ҳорунаррашид ва ҳамзамон сардори девони рисолати ҳамаи музофоти ғарбии хилофат буд. Дар аҳди Ҳорунаррашид (785-809) Яҳё вазир таъйин гардида, бисёр корҳои хилофат – сиёсати хориҷӣ, дохилӣ, савдо, диниро ичро менамуд. Писари калони Яҳё – Фазл солхои 792-796 волии Эрони Ғарбӣ ва баъдан волии Хуросон буд. Фазл барои ободонии Хуросон корҳои бисёр анҷом дод, замони ӯ дар саросари Хуросон масҷидҳо, корвонсаройҳо, чӯйбору пулҳо сохта шуданд. Фазл аз ҳисоби тоҷикон дастаи хоси лашкариёнро ташкил дод, ки теъдодашон ба 500 азор мерасид, дар ситодани хироҷ аз вилоятҳо низомӣ доимӣ ҷорӣ намуд, дар мамлакат оромии тамом ҷорӣ шуд. Тадбирҳои ватанхоҳонаи Фазл обрӯяшро дар байни мардум афзуданд. Бародари Фазл – Чаъфар ҳам ба халифа Ҳорунаррашид қаробат дошт ва ҳамчун хаттот, ахтаршумор ва суханвар соҳибэҳтиром буда, воли як қатор вилоятҳо таъйин шуда буд. Ҳамчунин Фазл барои равнақи илму фарҳанг низ талоши бисёр намуд. Аз ҷумла, сифати коғазсозироо дар Самарқанд беҳтар сохта, ин ҳунарро то Бағдод бурда ривоҷ дод, ки баъдан санъати қоғазбарории тоҷикон аз тариқи Андалуз ба Аврупо интиқол ёфт. Маҳз Бармакиён сохтори давлати Аббосиёнро тарҳрезӣ карда, онро дар аҳди чанд халифа сайқал доданд ва ба халифаҳо ойини давлатдориро омӯзонданд.
Халифа Ҳорунаррашид аз нуфузу эътибори Бармакиён сахт дар ҳарос афтода, соли 803 Ҷаъфарро қатл, Яҳё ва се писараш – Фазл, Муҳаммад ва Мӯсоро дар шаҳри Раққа зиндонӣ кард ва онҳо дар зиндон фавтиданд. Вале корҳои неки Бармакиён дар сафҳаи таърих сабт гардида, минбаъд ашхоси бисёре бо номи Бармакӣ гузаштанд. Масалан Абулқосим Аббос ибни Муҳаммади Бармакӣ дар дарбори Ғазнавиён вазифаи масъулро адо мекард. Пас, аз Бармакиён дар Хуросон намояндагони дигари тоҷикон – Тоҳириён ба сари қудрат омаданд.
Манбаъ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Чилди 2. Душанбе, 2013.
Таҳияи Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар