Бо назардошти афзоиши шумори хонандагон ва зиёд шудани талабу дархости китоб аз ҷониби донишомӯзон роҳбарияти Китобхонаи миллӣ иқдом ба ифтитоҳи толори хониши нав кард. Ин толор дар ошёнаи дуюми бино воқеъ буда, Толори хониши ҳуқуқ ва фалсафа унвон гирифт. Аз замони ифтитоҳи он то кунун ҳазорон нафар аз хизмати толор истифода кардаанд ва чуноне аз номаш пайдост, дар ин толор бештар касоне ворид мешаванд,