Маркази «Тоҷикшиносӣ» – бунёди илмии худшиносии миллӣ

 

Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Марказ аз соли 2007 то инқониб фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузошт.

Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2013 тасмим гирифтанд, ки самти асосии фаъолияти Маркази «Тоҷикшиносӣ»-ро ба таҳия ва нашри мероси хаттии ниёгонамон равона намоянд. Дар зимни ин ташаббус андешаи таҳия ва нашри асари бисёрҷилда (антология) -и «Тоҷнома» ба вуҷуд омад.

Мақсади ниҳоӣ аз нашри силсилакитоби  “Тоҷнома”, ки зери унвони «Тоҷикон дар масири тамаддун» ба нашр мерасад, дар шакли нисбатан мукаммалу услуби илмӣ-оммавӣ муҳимтарин мероси хаттии тоҷикон аз аҳди бостон то даврони истиқлол ва таҳқиқот дар мавриди таърихи тоҷикон барои оммаи хонандагон ва донишҷўёну муҳаққиқони соҳаҳои гуногун пешниҳод мегардад.

 
Барчаспҳо: