Activities calendar

21 июля 2020

Таърихи Систон

 Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарљумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мављуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар љои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин
яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб 

Таърихи Байҳақӣ. Китоби дигар аз силсилаи Тоҷнома

Ангезаи рушди ин таърихнигориро баъзе муҳаққиқон дастуроти Қуръон ва суннат дар амри фарогирии улум ва мероси гузашта ба манзури пандпазирӣ ва ибратомўзӣ медонанд. Бештари осори таърихии садаҳои аввали исломӣ «ахбор» номида мешуданд, вале бо ин ҳол тавонистанд дар миёни арабҳо навъе шуури таърихиро падид оваранд. Бо густариши ислом ба хориҷ аз сарзамини Арабистон дар сарзаминҳое, ки собиқаи тулонии нигориши таърихро доштанд (Эрон, Рум, Ҳинд), ин илм бистари муносибро барои тараққиву такомул пайдо кард.

 

Мероси хатии бостон. Китобе дигар аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун

 Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари  тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мўътабар аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо

“Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ

Китоби XIII-умин аз сислислаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” “Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ буд, ки соли 2014 мунташир шуд.  Китоб ба хатти кирилӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Қодири Рустам дар асоси матни «Зайну-л-ахбор» ба иҳтимоми дуктур Раҳим Ризозода Малик, чопи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Теҳрон, 1387 баргардон шуд.

«Зайну-л-ахбор» танҳо китобест, ки аз Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ боқӣ мондааст. Ин ки Гардезӣ китоби дигаре таълиф карда ё не, маълум нест. Муҳаққиқон аз баъзе қаринаҳо ба натиҷа расидаанд, ки ин китоб дар васати асри XI мелодӣ, 

Хатлон. Раҳнамои гардишгарон ба ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ

 Дар иртибот ба мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, ки ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ расид. Дар роҳнамои мазкур бо тартиби муайян  дар бораи  ба ҳар як шаҳру ноҳия, таърих, мавзеҳои ҷолиби сайёҳӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, вижагиҳои минтақа  маълумоти фишурдае оварда шудааст, ки бешубҳа барои ҳар як сайёҳи дохилу хориҷ ҳазорҳо розро бозгӯ ва сайёҳати онҳрор ҷолибу осон месозад.

Авасто. Ҷилди аввал

Таърихшинос ва ховаршиноси рус М. М. Дяконов дар таҳқиқоти хеш «Мухтасари таърихи Эрони бостон» дар бораи таҳрифи истилоҳи ориёӣ (ариш) аз сўи нажодпарастон ба хотири манфиатҳои нажодиашон чунин овардааст: «Нажодпарастон бо истифодаи вожаи ориёиҳо дар баёни ба истилоҳ «нажоди олӣ»-и сохта ва бофтаи худ ин истилоҳро таҳриф кардаанд. Аммо донишмандони асил ҳанўз то оғози Ҷанги ҷаҳонии дуввум аз ин шеваи корбурди истилоҳи мазкур худдорӣ ва дар муқобили чунин истифодаи он эътироз менамуданд». Вай дар идома бо истинод аз ду донишманди олмонӣ меафзояд: «Ҳамин тавр, соли 1939 Э. Ҳертсфелд ва А. Кис чунин навиштаанд: 

Маркази «Тоҷикшиносӣ» – бунёди илмии худшиносии миллӣ

Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Марказ аз соли 2007 то инқониб фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузошт.

 

Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба нахустин китоби Аниса

Гоҳе  мебинам, ки  қалам  дар  дасти  навомўзи  Аниса  мелағжад ва  ў  аз  вазн  берун  меравад  мисли   дарёчаи   шодоби  баҳорӣ, ки  соҳилҳоро ғабс кардааст. Гоҳо ў аз қолабу қавоиди шеър хориҷ мешавад, аммо муҳаббаташ  лағжанда   нест, андешаҳояш  бемаҷрову  камрабту  сустмантиқ  нестанд, пиндору  ормонаш  чун  мусавараи  комили  зебост, ки  нуқсе   натавон  ёфт. Ў ҷое  мегўяд, ки:

                                 Баҳри  навори  хати  филми  ҳаёт