Мероси хатии бостон. Китобе дигар аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун

 Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари  тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мўътабар аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо дар аҳди бостон маҳсуб мешаванд. Сарчашмаҳои таърихие, ки ба забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра таълиф шуда, роҷеъ ба ин тамаддуни ҷаҳонафрўзи бостонӣ матолиб ва мадорики муҳимро дар бар гирифтаанд, ҳамчунин осоре, ки аслан аз байн рафта, тарҷумаашон ба ин забонҳо маҳфуз мондааст, асоси ҷилдҳои оянда хоҳад буд.

Маълум аст, ки ба тамомӣ тадқиқу таҳқиқ кардани осори бостонии аҷдоди мо қаблан мушкилиҳое дошт, ки аз ҳама асосиаш надоштани истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон буд. Аз файзу шарофати истиқлоли сиёсӣ акнун шароит муҳайё шуд, ки мо ҷиддан ба тадқиқи осори тоисломӣ машғул шавем. Дар ин самт ҳам пешоҳанги ҷунбиши барозандаи худшиносӣ Президенти арҷманди мо Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ошноӣ бо осори ин ҷилд як қадами мустаҳками дигар моро ба хештаншиносӣ мебарад. Ҳадди ақал хонандаи тоҷик дар асоси мутолиаи осори бостони аҷдоди худ сареҳан эътимод мекунад, ки дар ин даврони бисёр қадим ва пуршараф гузаштагонаш тасаввуроти комил дар бораи бурҷҳои кайҳонӣ, шинохти ситораҳо, дарёнавардӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, биҳишту дузах, пули Сирот, муборизаи бетанаффуси некиву бадӣ, таззоди ҷовидона, Худои Якто, фариштаву малоик, гиёҳдармонӣ, корддармонӣ, сухандармонӣ, арзишҳои инсонӣ, ки бештари онҳо то ҳанӯз аҳамияти умумибашарии худро нигоҳ доштаанд, аз таълимоти ба истилоҳи имрўза экологӣ ва ғайраву ғайра бархурдор будаанд, яъне гузаштаи саршор аз маданияти арзишманд, саргузашти шоистаи ифтихор ва сарбаландӣ.

Дар ин ҷилд қисме аз осори қадима ба тозагӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик тарҷума ва таҳия гардидааст. Қисмате дигар маҳсули заҳматҳои олимони мўътабари Эрон ва ҷаҳон аст, ки бо камоли сипосгузорӣ истифода карда шуд. Ин ҷилдро мо як пойгоҳи муносиб ва заминаи устувор барои кўшишҳову ковишҳои оянда медонем. Дар айни замон умед дорем, ки ин иқдом аз ҷониби донишварони салоҳиятманди Ватани азиз ва дўстони хориҷии мо идома хоҳад ёфт.
Китоби ҳозир, ки бо камоли ихлосу муҳаббат ба зевари табъ ороста гардид, табиист, ки аз нуқсону камбудиҳо эмин нест. Умедворем, ки муҳаққиқону хонандагон бо ҳусни иродат ин китоби барои мо азизро мутолиа хоҳанд кард ва дар ислоҳ дастгириву маслиҳати хешро дареғ нахоҳанд дошт.


Назри Яздонӣ

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: