Activities calendar

02 июля 2020

Матбуоти кишвар дар як сол

“Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки охири соли гузашта чоп шуда буд, аслан як феҳристи библиографист. Тавре дар муаррифии он омада: “Феҳристи библиографии навбатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопии дар семоҳаи сеюми соли 2018 дар ҷумҳурӣ батабърасида маълумот медиҳад”.

Мақсади асосии он саривақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китобу ҷузва ва матбуоти даврии тозанашр мебошад. Солнома аз фаслҳо:

Китоби нав. Кароматулло Олимзода. Меҳри модар

 Беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти инсон шояд дар оғўши модар будан бошад. Заҳматҳои бехобию ба по рост монда, раҳгардон карданро аз фарзандони худ мебинему ба ёд меорем, ки модарони мо барои «паррончак» кардани мо чи азобҳоеро пушти сар карда будаанд. Барои ҳамаи инсонҳо модар қадру қимати баланд дорад, якеро аз дигаре боло гузоштан мумкин нест. Вале ман ин чанд варақеро, ки менависам, ҳамчун хуморие ёди модар дорад, ки дигарон низ ба модари худ доранд. Қадршиносӣ кардан аз заҳмату меҳрубониҳои модар фарзу қарз барои фарзанд аст.

 

Китоби нав: Менеҷменти сифат

“Менеҷменти сифат” воситаи таълимӣ барои донишҷуёни ихтисосҳои факултетҳои иқтисодӣ буда, мувофиқ ба стандарти давлатӣ ва нақшаи таълимии амалкунанда барои ихтисосҳои иқтисодӣ таҳия гардидааст.  Муаллифон талош кардаанд 16 мавзӯъи дар доираи менеҷменти сифат бо ҳам иртиботдоштаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд. Дар сарсухан мехонем:

 Системаи менеҷменти сифат – як ҷузъи идоракунии системаи идоракунии ташкилот мебошад. Сифат – ин категорияи васеъ, мураккаб ва универсалӣ буда, паҳлуҳои зиёди махсус ва гуногун  мебошад. Дар вобастагӣ аз мақсади истифодабарӣ ва муоинаи

Саҳми Нусратулло Махсум дар поягузории давлатдории миллии тоҷикон. Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон

Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик дар зарфи ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофати Ҳокимияти Шӯравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад. Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он, шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли хешро бо номи Тоҷикистон дошта бошем. Чунин  нигоштааст номзади илмҳои таърих Абдулло  

Л. Н. Толстой. Чанд ҳикояи кутоҳ аз китоби “Маҳкуми бегуноҳ”

Турна ва лаклак

Марде барои дастгир намудани турнаҳо, ки ба киштзори ў зиён мерасониданд, дом ниҳод. Бо турнаҳо лаклаке низ ба дом афтод. Лаклак ба мард бо илтиҷо гуфт:

- Ту маро раҳо кун, ман турна нестам, лаклакам. Мо аз авлоди парандаҳои бошарафем. Манзили ман дар бомгўшаи падарат. Пару боламро нигар, ман турна нестам.