Китоби нав. Кароматулло Олимзода. Меҳри модар
Нашр шуд 2020-07-02 13:50
Беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти инсон шояд дар оғўши модар будан бошад. Заҳматҳои бехобию ба по рост монда, раҳгардон карданро аз фарзандони худ мебинему ба ёд меорем, ки модарони мо барои «паррончак» кардани мо чи азобҳоеро пушти сар карда будаанд. Барои ҳамаи инсонҳо модар қадру қимати баланд дорад, якеро аз дигаре боло гузоштан мумкин нест. Вале ман ин чанд варақеро, ки менависам, ҳамчун хуморие ёди модар дорад, ки дигарон низ ба модари худ доранд. Қадршиносӣ кардан аз заҳмату меҳрубониҳои модар фарзу қарз барои фарзанд аст.
Ҳар фарзанд ин қарзро ба тавре иҷро мекунад. Ман ҳам дар доираи донишу имконияте, ки дорам, хостам қарзи фарзандии худро ба василаи ин мусаввада заррае ҳам бошад, адо намоям. Ба сари қабраш рафта сари таъзим фуруд овардам, ба ёдам омад, ки гуфта буд: «Агар тавонӣ, порае аз азобу ранҷҳои маро барои фарзандонат навис, то ки онҳо бегона нашаванд, донанд, ки гузаштагонашон – бобоҳову модаркалонҳояшон киҳо будаанду чиҳо кардаанд. Зиндагии ҳалолу обрўмандонаи падарону мордарон сарвати фарзандон мешавад. Агар фарзандони баор бошанд, ақлу дил дошта бошанд номи падару модарро доғдор намекунанду ба арвоҳи онҳо раҳмат меоранд». Инак, хостам ба қадри тавон аз пайи иҷрои он васият шавам…
Синнам ба ҷое расида, вале ҳанӯз ҳам хумори модарам мегирад, дидору гуфтор, қиссагўиҳову шеърхонӣ ва навозишҳову насиҳатҳояш ба ёдам меоянд, мисли навори филм дар назарам ҷилвагар мешаванд. Шояд ин эҳсос хоси ҳамагон бошад. Аз хоб барвақт бедор мешавам, рўзгори гузашта мисли аксҳои пароканда дар навори хиёл меояд. Намедонам сабаб чист, ки хаёл бештар ба олами кўдакӣ ва наврасӣ мебарад ва дар меҳвари он модари азизам қарор мегирад. Бо гузашти замон бисёр лаҳзаҳо аз лавҳи хотир зудуда шудаанд…
Аз кадом вақт модарамро шинохтаам, чандсола будам, намедонам. Дар ёдам лаҳзае мондааст, ки дар рўи суфаи ҳавличаи нимвайронаамон чанд нафар занҳо, нишаста буданд, аз ҷумла, яке аз холаҳоям низ. Модарам аз чойник чой мегардонд. Давида омада худро ба оғўши ў партофтам. Садои сарзанишаш дар хотирам мондааст: «- Чойро резондӣ …йе…!». Гуфтаи холаам ҳам дар ин лаҳза ба ёдам расид:
- «Ин гўсола нест, то кай шир мехўрад, аз сина бароред».
Шояд синнам дар он вақт се ё каме аз он бештар будааст....
Ин бахшро аз сарсухани муаллифи китоби “Меҳри модар” рӯнавис кардем. Китоб соли равон дар шаҳри Душанбе нашр шудааст. Кароматулло Олимзода ёднома дар бораи модари худ навишта ва дар зимн аз рӯйдодҳои хеле хотирмон ҳикоят мекунад, ки хеле ҷолиб ва шавқаваранд.
Китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва ҳоло онро метавонед аз ҳама толорҳои хониш пайдо ва мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос