- Эй фарзанди Одам, ман Вайбери ҳамадону ҳамахону ҳамабинам, ки аз зеҳну хираду дониши ту зода шудам, бо гузашти вақт, тавоною озода шудам, туро ҳамеша хушрӯзӣ мебахшам. Ҳаргоҳе ки туро овораю саргарми худ мебинам, хушҳолам, вале, эй Одам, ту бо ин шуғлат ба чӣ нокомиҳо расидаӣ, намефаҳмӣ ва ин шикаст ба ман тобу тавон мебахшад.
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дастони моҳир» гузашт, ки бачаҳо дар бораи офтобпараст суҳбат карданд ва расми онро кашиданду аз коғазҳо сохтанд. Аввал муаллима чун ҳамеша ба бачаҳо дар бораи офтобпараст ва хосиятҳои он, таърихи пайдоиш ва фоидаи он барои инсон нақл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки офтобпарасте, ки бо нурии менералии дар таркибаш кадмий дошта парвариш карда шудааст, ба саломатӣ зарари калон дорад. Зеро микдори ками кадмий хусусияти паст кардани иммунитет ва суст кардани кори гурдаро доро мебошад.
Аз ҷумлаи очекрнависони маъруфи кишвар аст. Ҳикояҳои хуб ҳам хеле зиёд навиштааст, вале бештар илҳои публистистика ва очерк доштааст. Марди зариф аст, ба ҳаддест, ки кас дар суҳбаташ соатҳо низ нишинад, хастагӣ ҳисс намекунад. Марҳум Имомназар Холназар (журналист ва ҳаҷвнигори муваффақи тоҷик) хушгӯиҳои ӯро дар китобаш ҷо додааст, ки дар фурсати муносиб намунаҳо аз онро ин ҷо мекорем. Раҷаб Мардон 3 июли соли 1940 дар деҳаи Халқаёри ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1957 мактаби миёнаи рақами 4 шаҳри Кўлоб ва соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонд.