Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре...

«Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем».
Эмомалӣ Раҳмон

Насли ҷавони имрӯза бояд дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ бошад, дастовардҳои илм, маданият, таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва ҷаҳониро аз худ намояд ва тавонад, ки фарҳангу маданияти ғании моро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Шахсе, ки дар муҳити дурусту бофазл ба воя расидааст, ҳамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатҳои хуб дар муҳити хуб ва оилаи солим ба вуҷуд меояд, дар хуну дили кас ҷой мегирад ва ҳамин хел то дами пирӣ ёвару роҳнишондиҳандаи каси бохирад мегардад.

Ростгӯӣ хислати басо бузургест, ки хоси ҳар кас буда наметавонад. Каси ростгӯй виҷдону имони пок, қалбу руҳи покро дорост. Ростгӯиву росткорӣ ба хони кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушӣ меорад.

Ростгӯиву росткорӣ рисолатҳои инсони асилу бомаърифатанд. Инсоне, ки рисолаташро ба ҷо намеорад, дар қатори ҳайвонҳо қарор дорад. Ростгӯӣ ҳамеша соҳибиззат, баобрӯй ва соҳибқудрат аст.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷкистон осори шоирони классик ва муосири тоҷик бениҳоят бисёранд, ки дар мавзӯҳои ростгӯиву росткорӣ, виҷдону имони пок, қалбу рӯҳи пок эҷод шуда, барои мутолиа кардан ба ҷавонон тавсия менамоем:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.

Абулқосим Фирдавсӣ

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натавон кард.

Ибни Сино

Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом.

Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Аҳли ақлу илмро дорад азиз.

Шайх Аттор

Ба пирӣ хидмати модар-падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.

Носири Хусрав

***

Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.

Низомии Ганҷавӣ

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

Саъдии Шерозӣ

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Бархез, то ниҳем сари худ ба пойи дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.

Бадриддин Ҳилолӣ

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Зайниддин Восифӣ

Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.

Абдулқодири Бедил

Ба илме кӯш, то зар ҳосил ояд,
Ба касбе соз, то ҷоҳат физояд.

Тошхоҷа Асирӣ

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.

***

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.

Садриддин Айнӣ

Ҳар шаб зи худт бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ!

Абулқосим Лоҳутӣ

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғуш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Мирзо Турсунзода

Ниҳоят, ҳамеша бояд кӯшид, ки аз дурӯғ забон барбаст, аз бадӣ канор ҷуст. Ҳамеша ҷаҳд мебояд, то дар ҳамаи корҳо росткору ростгӯ ва ростқавлу роҳнамоӣ буд, зеро фазилати бузурги инсони асил ростиву ростгӯист.

Чиро дар Китобхонаи миллӣ дар ин мавзуъ метавон мутолиа кард?

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Фаpҳанг ҳастии миллат аст. – Душанбе: Матбуот, 2001. – 37 с. 
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе – шаҳpи дӯстӣ ва баpодаpӣ. – Душанбе: Ирфон, 1998. – 32 с.
  3. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият неъмати бебаҳост. – Душанбе: Шаpқи озод,  2001. – 94 с.
  4. Эмомалӣ Раҳмон. Ватандӯсти ва худшиносии миллӣ. – Душанбе, 1999.
  5. Набиев, В. Навниҳолони боғи истиқлол. – Душанбе: Авесто, 2001. – 66 с. 
  6. Саидзода, Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон. – Душанбе: Бунёди забон, 2015. – С.18.
  7. Қодирова, Ҳ. Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле. – Душанбе: Сифат, 2008. – 60 с.
  8. Ҷумъазода, Х., Тошев, А. Оинаи адабиёт. – Душанбе, 2009. – 44 с.
  9. Аттор, Ф. Мантиқу-т-тайр ва осорнома. − Душанбе: Адиб, 2014. − 479 с.
  10. Шерозӣ, С. Ғазалиёт. − Душанбе:  Адиб, 2014. − 479 с.
  11. Хусрав, Н. Девони ашъор. − Душанбе: Адиб, 2010. − 482 с.
  12. Деҳлавӣ, А. Ғазалиёт. − Душанбе: Адиб, 2014. − 478.с.
  13. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. – Душанбе: Адиб, 2007. − Ҷ.26. − 478 с.
  14. Рӯдакӣ, А. Ашъор. − Душанбе: Адиб, 2007. − 416 с.
  15. Ганҷавӣ, Н. Хамса. − Душанбе: Адиб, 2012. − 479 с.
  16. Хони маънӣ. − Душанбе: Адиб, 2011. − 480 с.
  17. Бедил, А. Ғазалиёт. − Душанбе: Адиб, 2004. − 436 с.

Гирдоваранда М.Каримов,
корманди Маркази
такмили ихтисос

Барчаспҳо: