Activities calendar

06 мая 2017

Нусхаҳои қаламии Абдулқодири Бедил дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ аз Мирзо Абдулқодири Бедил 58 нусхаи қаламӣ маҳфуз аст, ки ҳар кадом дорои аҳамияти баланди илмианд.

Маҷмўаи нусхаҳои хаттии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон мояи ифтихори милллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Аз осори пурбори қаламии шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил(1644-1721), ки пас аз гузашти қарнҳо то ба дасти мо омада расидаанд, 58

Намоиши китоб: Адибони ҷанговар

Шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Адибони ҷанговар” осори он гуруҳ аз шоирону нависандагон ва олимонеро, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дифоъ аз марзи бум рафтаву гуруҳе фотеҳ баргаштанд ва гуруҳе ҷоми шаҳодат нӯш карданд, дар маърафи тамошо гузошт.
Ин намоиши китоб субҳи рӯзи шанбе ифтитоҳ шуд ва дар он бештар 20 номгӯ китобҳои адибони ҷанговари тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Акнун хонандагони ин Шуъба имкон доранд

Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Адибони ҷанговар: Лутфулло Бузургзода

Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносон ва фолклоршиносони кишвар буд. Аммо роҳи илмии олими ҷавон баъди набардҳо дар ҷабаҳоти ҷанг дигар идома наёфт, чун аҷал дар айни камолоти эҷодӣ дар қасди ҷонаш шуд. Лутфулло Бузургзода ихтиёрӣ ба ҷанг рафт ва дар роҳи озодии Ватан ҷоми шаҳодат нӯшид.

Лутфулло Бузургзода 28 – уми декабри соли 1909 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара зода шудааст.  Баъди хатми омӯзишгоҳ (1930)  муаллимӣ кардааст.  Ҳоло ҳамин омӯзишгоҳ  номи ӯро дорад.

Ободонии рӯзи шанбе: ҷӯйборҳо аз хасрӯбаҳо пок шуданд

Аз субҳ боз рӯзи ободонӣ буд. Ин силсиларӯзҳои ободонии баҳорӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доранд.
Имрӯз ҳам кормандони Китобхонаи миллӣ чун анъанаи дерин атрофи бино ва заминҳои пушти онро тоза карданд. Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, ҷӯйборҳоро тоза карданд, то об бидуни монеъа вориди сабзазори ҳотаи Китобхона шавад.
Дар воқеъ агар аз ҷӯйборҳо ҳамеша хабар нагиранд бар асари бодҳои парешон хасу хасрӯбаҳо ба равиши об монеъ эҷод мекунанд. Ин аст, ки ҳар рӯзи ободонӣ

Ҳабиб Юсуфӣ: “Ман фақат аз роҳи Берлин ба Сталинобод хоҳам бозгашт...”

Рӯят чу маҳ аст, лек бо ин ту маноз,
Зебост қадат, вале ба ин фахр масоз.
Ҳар гоҳ шавад Ватан зи корат мамнун,
Он гоҳ бигӯ, ки табли шодӣ бинавоз!

Ин як рубоӣ аз шоири маъруф, шаҳиди роҳи озодӣ