Ин бор дар барномаи “Дастони моҳир” мавзуъ Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Оё наврасони мо дар ин бора медонанд? Суоле буд, ки мураббиён дар миён гузоштанд. Албатта, на ҳама, вале дар умум маълуот доштанд. Вале маълумоташон камтар аз ҳадди интизор буд. Дида мешавад, ки гузашти солҳо хотираи наслҳоро ҳам ба гузашта хира мекунад. Насли имрӯз дар бораи даҳшатҳои он солҳои мудҳиш маълумоти камтар дорад. Лозим омад ба онҳо хеле чизҳо нақл карда
Аз аввалин рӯзҳои моҳи май, ки солгарди пирӯзӣ дар ҷанг бо фашизм наздик мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус дар фикри ташкили як намоиш китоб бахшида ба ин рӯз шуд. Беҳтарину маъруфтарин китобҳо ба ин мавзуъ, ки солҳои гуногун рӯйи чоп омадаву аз корномаҳои корзори ҷанг ҳикоят мекунанд, аз зуҳри дирӯз ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Китобҳои “Достони писари Ватан”-и Мирзо Турсунзода, “Ҳазору як корнома”-и Раҳмон