Бачаҳо ба бобоёни ҷанговари худ чӣ туҳфа карданианд?
Нашр шуд 2017-05-03 17:05
Ин бор дар барномаи “Дастони моҳир” мавзуъ Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Оё наврасони мо дар ин бора медонанд? Суоле буд, ки мураббиён дар миён гузоштанд. Албатта, на ҳама, вале дар умум маълуот доштанд. Вале маълумоташон камтар аз ҳадди интизор буд. Дида мешавад, ки гузашти солҳо хотираи наслҳоро ҳам ба гузашта хира мекунад. Насли имрӯз дар бораи даҳшатҳои он солҳои мудҳиш маълумоти камтар дорад. Лозим омад ба онҳо хеле чизҳо нақл карда шавад, то донишашон васеъ гардад ва тасаввур карда тавонанд, ки ин чӣ ҷанге буд ва барои чӣ?
Вале дар умум як нуктаро медонанд: 9-уми май рӯзест, ки бобоёни ҷанговарро бояд табрик кард. Аммо атфол чӣ метавонанд туҳфа кунанд? Ҳамин савол мавзуъе буд, ки ба ҳамагон пешкаш шуд. Яъне, туҳфаи мо ба пирони ҷанговар.
Сипас, тибқи супориш онҳо ба омода намудани табрикномаҳои идона пардохтанд. Ин табарикномаҳо хеле зебову дилнишин буданд. Онҳо асосан аз дискҳои даврашакл ва коғазҳои ранга ва ширеш омода карда шудаанд.
Мавзуъи мавриди баҳс ва сохтани табрикот як нуктаро бозгӯ кард: дар оянда метавон дар санаҳои дигари хотирмон ва таърихӣ ба атфол супориш дод, ки вобаста ба вижагии ҷашнвора табрикнома бисозанд.