Филмҳои «Рустами достон» ва «Рустаму Сўҳроб»
Шоҳнома асари безаволи классикии адабиёти тоҷику форс аст, ки халқи мо дар тули асрҳо мехонад. Таърихи шоҳони бостонӣ – танҳо торест, ки бар он дурдонаҳои ҳикоёти манзуми воқеаҳои таърихии қадимулайём кашида шудааст. Ин достони қаҳрамонҳост, ки мазўи асосияш мубориза ва корнамоии қаҳрамононӣ халқӣ мебошад. Хираду инсонпарварӣ – ҳаминанд қувваҳое, ки дар тасаввуроти Фирдавсӣ тақдири халқҳоро ҳал мекунанд.
Филмҳои «Рустами достон» ва «Рустаму Сўҳроб» (сенарияи Г.Колтунов,режиссер Б.Кимёгаров, оператор Д.Худоназаров, рассом Ш. Абдусаломов, бастакор А.Меликов)-ро ба қатори беҳтарин асарҳои эпики кинематографии шӯравӣ дохил кардан мумкин аст. Дар асоси ин кинофилмҳо достони Рустам, шоҳ Ковус ва Сўҳроб ба навор гирифта шудааст. Мақсади асосии филм – мазаммати ҷангҳои беадолат, эътирози зидди истибдоди подшоҳони золим аст. Дар филмҳо тобишҳои ватандўстӣ, садоқат ба манфиатҳои Ватан баръало тасвир шудаанд.
Шоҳ Ковус ҳама имтиёзи оламро дорост: шўҳрат, давлат, ҳукми равон… лекин ў боз дар орзуи ҷанги истилогарона буд ва умед дошт, ки ин ҷанг ба ў шаъну шўхрати нав ва ганҷи зиёд меорад. Деви шарир Тулад, сурати муғаннии оворагардро гирифта, ба дили шоҳ фитнаи ҷанги зидди мамлакати Мозандаронро меандозад. Ҳеҷ кас ҳатто хирадмадтарини хирадмандони замона Золи Зар ҳам ба Ковус хилофи ақли солим будани ин фикри шоҳро исбот карда наметавонад. Хатто дар қаламрави девҳо будани он мамлакатро фаҳмида ҳам шоҳ аз роҳаш намегардад, ў аз паси шўҳрат ба ҷанг мебарояд, лекин қўшунаш шикаст мехўрад, худи Ковус ва чанд тан сарлашкаронаш асир меафтанд. Рустам ба имдод мешитобад, девро мағлуб сохта, мамлакатро наҷот медиҳад.
Халқ паҳлавони маҳбуби худро бо ваҷду сурур истиқбол мекунад ва ба ў аҳсан мегўяд. Шоҳковус аз меҳри рўйрости мардум нисбат ба Рустами ғолиб тарсида, аз тарси он ки Рустам гирифтани тахти шоҳӣ дорад, ҷаҳонпаҳлавонро ба посбонии сарҳади Эрон мефиристад, Рустам бо дили пурҳасрат ба ин “бадарғаи фахрӣ» меравад.
Тамошобин дар филм на танҳо корнамоиҳои Рустам, балки ишқи ўро ҳам мебинад. Рустам ба Таҳмина, ки сурати ўро дер боз дар дил мепарварид, вомехўрад. Таҳмина зани ў мешавад, лекин ин никоҳро пинҳон медоранд. Тавлиди писари Таҳминаю Рустам оғози достони нав – достони фоҷиавиву тоза мешавад. Воқеан, филми нави «Рустаму Сўҳроб» аз ҳамин оғоз мегардад.
Тамошобин дар филми «Рустами достон» бадалшавиҳои бешумори деви шарир Туладро дидааст, ки ў ҳамеша ҳамеша ба ҳалокати Рустами тавоно мекўшид. Девро Рустам на бо зарбаи шамшер, балки бо қувваи хирад, раъди ханда, чолокӣ, мағлуб сохтанист. Лекин дев ба Рустам нафрат хонда, таъкид мекунад, ки ў худ худро хоҳад кушт.
Дар ин филм қиссаҳо ба ҳодисаҳои ҳақиқӣ, фантастика бо ҳақиқат даромехтааст. Қаҳрамони асосии филм Рустам таҷассуми шарафи паҳлавонӣ шуд. Дар симои ў қувваи халқ, сулҳу адолатхоҳии халқ намудор мегашт.
Филми «Рустаму Сўҳроб» давоми филми «Рустами достон» буда, ақидаҳои асосии шоирро оид ба ҷангу сулҳ, ҳаёту мамот, хайру шар, бузургиву пастӣ самимияту разолат, шахсияту халқ, қарзи виҷдон, дар бораи мақоми инсон дар дунё давом дода бараъло тасдиқ мекунад. Барои офаридани образҳои асосӣ ва эпизодии филм актерҳои бисёре – қариб дусад нафар иштирок намуданд. Қобили қайд аст, ки филм аз ҷиҳати нақшофарии актёрҳо ва офариниши пурраи он интернационалӣ буда, дар он ҳиссаи кормандони киностудияҳои «Мосфилм»,»Ленфилм»,ҳунармандони гурҷӣ, озарӣ, ўзбек калон аст.
Нақши қаҳрамонони безаволи Фирдавсии бузург, ки онҳоро дар экран ҳунармандон: Б. Ватаев, М. Қосимов, М. Воҳидов, О. Кобаридзе, С. Норбоева, Ҳ. Гадоев, М. Исоева, С. Исоев офаридаанд, сазовори таҳсин аст. Филмҳои номбурда дар кинофестивали умумииттифоқие, ки соли 1972 дар шаҳри Тифлис гузашт, соҳиби ҷоизаи якуми «барои дар экран офаридани образи каҳрамонони эпоси халқ» гардид. Коргардони филм Б. Кимёгаров ва иҷрокунандаи нақши Рустам – актер Б. Ватаев ҷоизаҳои махсус гирифтаанд.
Ин силсилафилмҳоро хоҳишмандон метавонанд дар толори маводҳои мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тамошо намоянд.
Адабиётҳои истифода шуда:
1. Мирзошоев, С. Роҳи кинои тоҷик , Душанбе, – Ирфон. – 1973. саҳ.179-180.
2.Раҳимов С. Нури парда. – Душанбе, – Сарредкцияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷикистон , 2004, саҳ.230.
3.Энциклопедия кино Таджикистана.– Душанбе, Эр-Граф. – 2012.
Таҳияи Нигина МАҲМУДОВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.