Чунин ном дошт нишасти илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи фалак» , ки ахиран дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Дар толори «Ошёни булбулон»-и Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи фалак» дар мавзўи «Фалак ва рушди он дар замони истиқлол» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар ҳунармандону мутахассисон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Муассисаи давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Институти забон адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Абуаддуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони Китобхонаи миллӣ ва рўзноманигорон иштирок намуданд.
Дар нишаст директори Китобхонаи миллӣ, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Фалак ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ муаррифгари суннатҳои волои миллати кўҳанбунёди тоҷик буда, дар ин замони истиқлолият тавонист шуҳрати хосаеро ба даст орад.
Сипас, Саъдулло Каримов - декани факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшоҳ Сатторов дар мавзўи «Фалак ва рушди он дар замони истиқлол» суханронӣ намуд. Саъдулло Каримов дар маърўзаи худ роҷеъ ба таърих, пайдоишу мавқеи фалак, мазмун муҳтаво ва навъҳои жанри он, тарзи истифодаи асбобҳои мусиқӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ибрози ақида намуд.
Дар интиҳо мутахассисону донишмандон аз ҷанбаҳои гуногуни фалак баҳсу мунозираҳо намуда, чорабини бо фалаксароӣ ба анҷом расид.
Зикр намудан бамаврид аст, ки таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайгиронаи ҳукумати кишвар барои эҳёи суннатҳои миллӣ қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои тақвият ва густариши фарҳанги миллӣ дар тўли асрҳо баҳри имрўзу фардо заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми августи соли 2007, №299 бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр ҳамчун «Рўзи Фалак» эълон гардида, он ҳамсола дар тамоми кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли «Фалак» таъсис гардид.
Ногуфта намонад, ки дар росто баргузории чандин нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, омўзиш ва пажўҳиши ин жанри махсуси фолклорӣ дар бахши махсус мавриди дақиқ қарор дода шуда, дар таҳким ва рушди Фалак нақши бориз дорад.