Activities calendar

05 октября 2016

Даъват ба китобхона дар Донишгоҳҳои пойтахт

Кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ - иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати даъвати донишҷӯён ба Китобхона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории ба номи садриддин Айнӣ рафтанд.
Кормандони Китобхонаро раёсати факултаҳои рўзноманигорӣ, шарқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, биология ва математика ба ҳузур пазируфтанд ва барои бо донишҷўён суҳбат намудан

Забони мо-ҷаҳони мо

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забон барои атфол дар толори хониши кӯдакони Китобхонаи миллӣ бо ширкати шоири тавонои кӯдакнавис Алӣ Бобоҷон ва Ғанӣ Ҷӯразода  субҳи имрӯз баргузор шуд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ баъди хайрамақдам гуфтани меҳмонон дар бораи Рӯзи забон ва таърихи мухтасари эълони ин рӯз ҳарф зад.

Баҳси сиёсати давлатии забони давлатӣ дар мизи мудаввар

Дар Осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ» ба ифтихори Рўзи забон баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ дар мавриди ҷойгоҳи забони модарӣ ва талошҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат барои татбиқи Қонуни забон ва покии забони модарӣ ҳарф зад.

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Меҳргон яке аз куҳантарин  ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Асосгузори сул
ҳу ваҳдат, Пешвои миллат,
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон

Китобе аз таърихи маданияти халқи тоҷик

Соли 1973 нашриёти «Ирфон» китоби  Ҷалилов Абдуҳамидро бо номи «Аз таърихи  маданияту ҳаёти халқи  тоҷик» (“Из истории культурной жизни таджикского народа») аз чоп баровард, ки ин асар зери роҳбарии Вазорати маорифи халқии тоҷик ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба чоп тавсия шуда буд. Дар ин асар аз таърихи маданияти гузаштаи халқи тоҷик дар аввалҳои асрҳои миёна маълумот оварда мешавад.
Китоби мазкур аз сарсухан ва се боб иборат мебошад. Дар пешгуфтори ин китоб доир ба давраҳои таърихӣ, вазъи сиёсии давлатдории тоҷикон аз асри панҷ то асри даҳ, то давлати Сомониён ба таври мухтасар маълумот оварда мешавад.
Боби аввал «Забон ва хат» ном дошта, дар ин қисмат хонандагон бо кадом забон гуфтугў кардани суғдиён ошноӣ пайдо мекунанд. Дар  ҳамин боби китоб омадааст, ки: суғдиён  бо забони куҳани

Ҳуринисо Ализодаро бишносем

Ҳуринисо Ализода аз ҷумлаи рўзноманигори ҷасур, чирадаст аст, ки дар мақолаҳояш мав­зўъ­ҳои мубрами рўзмарраю муҳимро ба лаҳни ширини тоҷикӣ ба хонандагон пешниҳод мекунаду масъалагузорӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дарёфт менамояд.   
Ализода Ҳуринисо  Юсуфӣ 4 марти соли 1957 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба сифати омўзгори забони адабиёти тоҷик дар мактаби №29-и ноҳияи Фархор кор мекунад.
Соли 1986 ба олами рўзноманигорӣ пайваста, дар рўзномаи