Китобе аз таърихи маданияти халқи тоҷик

Соли 1973 нашриёти «Ирфон» китоби  Ҷалилов Абдуҳамидро бо номи «Аз таърихи  маданияту ҳаёти халқи  тоҷик» (“Из истории культурной жизни таджикского народа») аз чоп баровард, ки ин асар зери роҳбарии Вазорати маорифи халқии тоҷик ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба чоп тавсия шуда буд. Дар ин асар аз таърихи маданияти гузаштаи халқи тоҷик дар аввалҳои асрҳои миёна маълумот оварда мешавад.
Китоби мазкур аз сарсухан ва се боб иборат мебошад. Дар пешгуфтори ин китоб доир ба давраҳои таърихӣ, вазъи сиёсии давлатдории тоҷикон аз асри панҷ то асри даҳ, то давлати Сомониён ба таври мухтасар маълумот оварда мешавад.
Боби аввал «Забон ва хат» ном дошта, дар ин қисмат хонандагон бо кадом забон гуфтугў кардани суғдиён ошноӣ пайдо мекунанд. Дар  ҳамин боби китоб омадааст, ки: суғдиён  бо забони куҳани суғдӣ  ҳарф мезаданд, ба гуруҳи забонҳои ҳиндуевропоӣ дохил мешуданд. Аз  гуфтугўи боло хулоса мебарорем, ки сарчашмаи хаттӣ ва бостоншиносӣ, забони суғдӣ яке аз забонҳои васеъ паҳн гардидаи давраи пеш аз забт кардани арабҳо мебошад. 
Дар боби дуюм, ки «Илм ва адабиёт» ном дорад, хонанда метавонад дар бораи таърихи илмҳои математика, кимиё,  ҷуғрофия, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ маълумоти зиёд пайдо намояд. Инчунин роҷеъ ба бойгонии (архив) хаттӣ куҳнаи Деваштич, навиштаҷоти сершумори дар рўи шикастапораи зарфҳои гилин, дар устухони ҳайвонҳо, деворҳои биноҳо ва ғайра дарак медиҳад, маълумот оварда шуда аст. 
Боби охири китоб «Санъат» ном гирифта, доир ба санъати меъмории ороишӣ, санъати тасвирӣ ва санъати мусиқӣ дар Суғду Тахористон ва умуман дар Осиёи Миёна аз ҷумла санъати кандакорӣ дар чўб ва санг, ки васеъ истифода мебурданд, маълумот медиҳад.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон расонида мешавад, ки аз ин асар якчанд нусха дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфўз аст.
Хонандагони соҳаи илм (муҳаққиқон, донишҷўён, унвонҷўён), ки дар мавзуҳои доир ба фарҳанг ва санъати халқи тоҷик корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ мебаранд ва инчунин доираи васъеи хонандагон метавонанд ин китобро  ҳамчун сарчашмаи боэътимод, истифода намоянд. Мақсад аз навиштани ин матлаб низ дар он аст, ки хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ин ё он китоб маълумот пайдо намуда, барои мутолиа ва истифода дар           таҳқиқоти худ ба китобхона ташриф биоваранд.

Шарофат Пардаева,
мутахассиси пешбари

Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ