Трагедияи «Фауст» аз нигоҳи ҳаҷм бузургтарин китоби Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Kитобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. "Фауст" ба қалами адиби олмонӣ Иоганн Волфганг Ҳуте иншо шуда, яке аз асарҳои нодири адабиёти ҷаҳон ва намоишномаҳои машҳури театрҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки аз ду ҷилд ва 390 саҳифа иборат мебошад.
Ин асар соли 1899 дар нашриёти “А.Ф Маркса” – и Санк – Петербург нашр шудааст. Китоб ба забони русӣ (бо ҳуруфи тоинқилобӣ) буда, аз ҷониби Александр Фет ба забони русӣ тарҷума шудааст.
Дарозии китоб 44 ва паҳноияш ба 36 сантиметр баробар буда, 66
Cанаи 29-уми сентябри соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхонӣ дар Муассисаҳои тахсилоти умумии № 7, №10 ва Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардиданд.
Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 11 ҳазору 100 нафар хонандагон пазируфта шуданд. То имрўз ба Китобхонаи миллӣ 94 ҳазору 758 нафар аъзо шудаанд, ки аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи Тоҷикистонанд.
Фонди шуъба зиёда аз 60133 нусха китоб иборат аст, ки аз инҳо зиёда аз 11835 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимондааш бо забони русӣ мебошанд.
Кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати даъвати донишҷӯён ба Китобхона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтанд.
Кормандони Китобхонаро раёсати факултаҳои рўзноманигорӣ, шарқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, биология ва математика ба ҳузур пазируфтанд ва барои бо донишҷўён суҳбат намудан кӯмак расониданд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён кормандони
Дар ҳақиқат, устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ омўзиши фарҳангро на танҳо барои насли имрўза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омўхтани инсонҳоро низ собит кардааст. Фарҳанг, ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Навиштаҳо аз қадим муқаддасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада, ҷилдҳои китобҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху иҷтимоиёт, иқтисодиёти мо ва билохира тамоми бурду бохти
Нусхаҳои нодири хаттӣ ва чопи сангии осори ниёгон ҳамеша сарвати бебаҳо ва муайянкунадаи сатҳи фарҳангиву илмии ҳар миллату халқият дар давраи маълуми таърихӣ ба шумор рафта, онҳо ба унвони муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз чунин махзани ҳифзкунандаи арзишҳои фарҳангии кишвари маҳбубамон ба ҳисоб рафта, аз соли 1933 то ин ҷониб ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангии осори ниёгонамон машғул аст.