Бузургтарин китоби шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Трагедияи «Фауст» аз нигоҳи ҳаҷм бузургтарин китоби Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Kитобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. "Фауст" ба қалами адиби олмонӣ Иоганн Волфганг Ҳуте иншо шуда, яке аз асарҳои нодири адабиёти ҷаҳон ва намоишномаҳои машҳури театрҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки аз ду ҷилд ва 390 саҳифа иборат мебошад.
Ин  асар соли 1899 дар  нашриёти “А.Ф Маркса” – и Санк – Петербург нашр шудааст. Китоб ба забони русӣ (бо ҳуруфи тоинқилобӣ) буда, аз ҷониби  Александр Фет ба забони русӣ тарҷума  шудааст.
Дарозии китоб  44 ва паҳноияш ба 36 сантиметр баробар буда, 66 манзараи намоишнома дар шакли акс (сурати фотографӣ) оварда шуда аст.
И.В. Ҳуте шоир, адиб, нависанда, наққош, муҳаққиқ, мардумшинос, файласуф ва сиёсатмадори олмонӣ аст, ки соли 1749 дар шаҳри Франк-фурт ба дунё омадааст. Вай яке аз машҳуртарин адибони Олмон ва бузургмарди тамаддуни асрҳои XVIII-XIX-и Аврупо, шахсияти барҷастаи адабиёти ҷаҳон мебошад. Забонҳои лотинӣ, ибрӣ, юнонӣ, фаронсавӣ ва инглисиро хуб медонист. И. В. Ҳуте шефтаи ашъори Ҳофиз низ буд ва дар пайравӣ бо ин нобиғаи тамаддуни башар шеърҳо низ суратааст.
Нусхаи ибтидоии "Фауст" соли 1773 таҳрир ва бахшҳои  ниҳоияш соли 1831 рӯи чоп омадаанд. Аз ин рӯ, онро шарҳи ҳоли худи И. В. Ҳуте ва бозтобдиҳандаи таҷрибаҳои гуногун, таҳаввулоти рӯҳию фикрии ӯ дар тӯли 60 соли умраш медонанд.
Ҳуте дар ин асари драмавиияш ба таълифи робитаи Худованд, инсон ва шайтон пардохтааст. Дар аввали достон Худованд, фариштагон, иблис дар мавриди инсон ва фасодкории ӯ дар рӯи замин дар ҳоли гуфтугӯянд. Дар идома шайтон бо Худованд паймон мебандад, ки вай метавонад қаҳрамони достон (одам)-ро гумроҳ кунад. Бино бар ин ба замин фурўд меояд.
“Фауст”, ки дар забони меъёри олмонӣ маънои муштро медиҳад, номи қаҳрамони достон ва донишманде аст, ки зиндагиашро дар роҳи талоши илм сипарӣ кардааст. Вале дар ниҳоят дучори ноумедию сардаргумӣ мегардад. Дар ин замон иблис аз фурсат истифода карда, дар шакли инсон ба ӯ наздик мешавад ва пешниҳодҳояшро ироа мекунад.
Ношир дар шарҳи китоб оварда аст: "Тамоми ин драма набард байни заковат ва зиндагӣ аст”. Асар бо фоҷиа  анҷом  ёфта, қаҳрамонаш  Фауст ҳалок  мегардад, аммо аъмоли накўяш ўро  ба  биҳишт  мебарад
Ин шоҳкории И. В. Ҳуте бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ду  маротиба ба форсӣ низ баргардон шудааст. Бори аввал онро Асаддуллоҳ Мубашширӣ аз фаронсавӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.
Муҳимтарини асарҳои Ҳуте "Нағмаҳои Румӣ", "Фауст", "Девони ғарбӣ-шарқӣ", "Сафарномаи Итолиё" ва "Ранҷҳои Вертери ҷавон" ба шумор мераванд. И. В. Ҳуте доир ба илми тиб ҳам китоберо таълиф кардааст, ки "Теорияи рангҳо" ном дорад.  “Фауст” маҳсули заҳмати 60-солаи адиб мебошад.
И. В. Ҳуте 23-юми марти соли 1833 дар шаҳри Ваймери Олмон аз олам даргузаштааст.
Ба таваҷҷуҳи хонандагон расонида мешавад, ки агар хоҳиши ошноӣ бо “Фауст” ва ё мутолиаи ин асари нодирро доранд, метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ муроҷиат намоянд.
Асари мазкур таҳти рақами  122904 нигоҳдорӣ карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ин асар дар фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон як нусха буда, ҳамчун асари нодир ба ҳисоб меравад.

Баротова Азиза, мутахассиси
пешбари Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ