Китоб ва офариниши шахсият

       Дар ҳама давру замон китоб яке аз воситаҳои расонанда ё маҳфуздорандаи шинохти ҳамаҷонибаи масоили илмӣ, фарҳангӣ, иктисодӣ, сиёсию динӣ ва нигаҳдорандаи таърихи башарият дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Инсон маҳз ба воситаи китоб илму маърифат омўхта, фарҳанг ва ҷаҳонбинии худро ташаккул медиҳад. Агар ба таърих назар афканем, китоб заминаест барои рушду нумуи ҷомеаи башарӣ ва офариниши шахсиятҳо. Зеро баъд аз пайдоиши китоб оҳиста-оҳиста ҷомеа рў ба рушд ниҳод ва ҳамзамон донишмандон андешаҳои худро барои баланд бардоштани илму фарҳанг ба китобат кардан оғоз намуданд. Имрўз дар ҷомеа китоб бениҳоят аҳамияти бузург дорад, ки бидуни он пешрафти ҷомеа имконнопазир аст. Зеро китоб сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳост, ки ин нуктаро адибони калассику муосири тоҷик ва ҷаҳон борҳо зикр кардаанд.

      Устод Мирзо Турсунзода китобро сарчашмаи рушди фарҳанги миллатҳо медонад ва хусусан китобдўстии ҳалқи тоҷикро таъкид намуда, мегўяд: «Аз хурдӣ дар ёд дорам, ки мардуми тоҷик дар байни ҳамаи китобҳо девони Ҳофизро китоби муқаддастарин шуморида, ҳатто дар гаҳвора онро ба зери сари тифли навзод мегузоштанд, то ки фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркарда бузург шавад ва монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад».

     Расул Ғамзатов китобро сарчашмаи худшиносӣ дониста таъкид мекунад, ки: «Барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе ойина рўи худро дида наметавонад».

      Дар баробари он ки олимон ва мутафаккирон китобро равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо тавсиф кардаанд, боз аз сарчашмаҳои таърихӣ огоҳ мегардем, аксари бузургон маҳз аз мутолиаи ягон китоби шахсияти бузурги дигаре ба инқилоби фикрӣ дучор гардида, роҳи дурусти амалӣ кардани идеяҳои доштаи худро пайдо кардаанд.

       Мавриди зикр аст, ки аксари олимону адибон дар бораи осори якдигар андешаронӣ кардаанд, аммо жарфтар андеша намоем шахсиятҳои бузурги илму адаб тадқиқот ё кашфиётеро анҷом дода, дар воқеъ бо осори хеш дигар шахсиятҳои илму адабро мафтун кардаанд, ки сабаби кашфиётҳои наву тоза гардидаанд. Ин далели нақши бузург доштани китоб дар рушди илму маърифати башарият мебошад.

Иқрори устод Айнӣ бар таъсири «Наводир-ул-вақоеъ»

            Бардошти бузургон аз осори оламшумули бузургон гуногун аст. Барои яке илҳоми эҷод ва ишқи ватану ватандорӣ оварда бошад, барои дигаре заминаи кашфиёт ё идеяи тозае бахшидааст.

       Масалан, устод Садриддин Айнӣ бо ин ҳама бузурги қоил аст, ки он проблемаҳоеро, ки бо чашм медид ва ислоҳи онро дарк намекард, пас аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш он ҳамаро дарк намуд ва инқилоби фикрие дар ў ба вуҷуд омад.  Ў дар китоби «Ёддоштҳо» мегўяд: «Ҷойҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вақоеъ» он ҷойҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки “дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?...  Аммо, вақте ки ман он аҳволро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рўй дод. Ман дар дили худ гуфтам: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст...».

     Ё ин ки Исаак Нютон (1642-1726) бунёдгузори физикаи классикӣ қоил шудааст, ки ў ба шарофати мутолиаи осори илмии Галилео Галилей олими итолёвӣ ба кашфиётҳои тозаи илми соҳиб гаштааст.

Адиби бузурги рус Чернишевскийро хирмани дониш,
ишқ
и сўзони ватан ва дар ниҳоят кўҳи андуҳ
аз бадбахтии миллати рус аз ҷавонӣ ба роҳи мубориза кашонд.
Аммо ў шарбати заҳри дарди ватан,
ишқ ба озодиву истиқлоли ватанро аз
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нўши ҷон кард.

Лев Толстой нависандаи бузурги рус бошад иброз медорад, ки ў дар қироат намудани осори Ҳомер сарчашмаи ҳақиқии ҳавасмандиро ба эҷод кардан дарёфта буд.

      Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки таъсири осори лирикии шоираи юнони қадим Сафо (солҳои тахминии зиндагиаш 612-572-и то мелод) ба фаъолияти шоирони римӣ Горасио ва Катулла бузургу бесобика  аст. Страбон (Юнон) пас аз мутолиаи ашъори Сафо иброз доштааст, ки «шоираеро аз саҳифаҳои таърих ёфтан ва бо Сафо муқоиса кардан амрест маҳол».  Суқрот бошад пас аз шиносои бо ашъори Сафо ўро «мураббии муҳаббатварзӣ»-ҳояш номидааст. Солон пас аз шиносои бо лирикаи Сафо дарк кард, ки вай «мурдан намехост, то даме, ки шеърҳои ўро пурра аз ёд надонад». 

“Шоҳнома” ва Чернишевский

Осори олимон ва адибони форсу тоҷик, ки дар шакли китоб мунташир шудаанду дар китобхонаҳо маҳфузанд, дар бедории ҷомеаи ҷаҳонӣ бузург аст. Адиби бузурги рус Чернишевскийро хирмани дониш, ишқи сўзони ватан ва дар ниҳоят кўҳи андуҳ аз бадбахтии миллати рус аз ҷавонӣ ба роҳи мубориза кашонд. Аммо ў шарбати заҳри дарди ватан, ишқ ба озодиву истиқлоли ватанро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нўши ҷон кард.

        Маврид ба ёдоварист, ки соли 2013 дар Теҳрон китоби яке аз адибони шинохтаи тоҷик Валӣ Самад бо номи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский», бознашр шуд. Китоби мазкур аз 11 боб иборат буда, дар он лаҳзаҳои хотирмон аз ҳаёти донишманди рус Чернишевский дарҷ гардидааст, ки чи гуна ў ба адабиёти форс рў овардааст ва Фирдавсӣ аз нигоҳи Чернишевский (Николай Гаврилович Чернышевский 1828-1889) хеле хуб нақл карда шудааст.

       Китоби мазкур пас аз нашри аввалаш дар Теҳрон дар қатори «Китоби сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон шинохта шуд ва аз нодиртарин навиштаҳои адибони тоҷик аст, ки дар кишвари ҳамзабони мо чунин қадршиносӣ ва истиқболи шоиста дошт.

        Метавон гуфт, ки “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ яке аз асарҳое дар ҷаҳон мебошад, ки ба садҳо нафар илҳом ва садҳо андешаро ба таҳрик овардааст. Дар маҷмуъ осори олимону адибони форсу тоҷик ганчинаи бебаҳои рўйи олам мебошанд. Маҳз бузургии абармардони шарқ ва осори гаронбаҳои онҳо буд, ки адиби олмонӣ Гёте (1749-1832) пас аз мутолиаи осори адибони машриқзамин асари оламшумулаш «Девони ғарбию шарқӣ»-ро таълиф намуд...

 Дар бораи таъсири Саъдиву Ҳофиз ва умуман осори гаронарзиши форсӣ ба шоири дигари оламшумул Сергей Есенин метавон чанд мақолаи дигар навишт. Есенин низ бо илҳом аз Саъдиву Ҳофиз сайри руҳонӣ ба Шероз кардаву бо сияҳчашмони шерозӣ гуфтугӯ доштааст ва тасвири хоси худро бо номи Шоҳона офаридаву рӯйи коғаз овардаст, ки замоне дар Русия хеле маъруф буд. Ин силсилаи шеърҳои Есенин дар тарҷумаи шоирони маъруфи мо устодон Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар Тоҷикистон чоп шуда ва зери номи “Гулафшон” дар бойгонии Китобхонаи миллӣ аз Есенин китобе ҳаст, ки ин ашъорро низ дар бар мегирад.

            Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки китоб чароғест моро аз зулмат ва доруест, ки моро аз ҷаҳолат мераҳонад. Имрўз зарурат пеш омадааст, ки ҷомеа ҳарчи бештар рў ба китоб биёрад то ҷаҳолат болои инсонҳо ғалаба накунад.

Нигарониҳои Пешвои миллат

       Хушбахтона, баланд бардоштани фарҳанг, худшиносӣ ва ватандўстии ҷомеа, хусуан ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Ин нуктаҳои муҳим дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ ба таври возеҳу равшан инъикос гардидааст. Сарвари давлат ба он таъкид намуданд, ки он зуҳуроти номатлубе, ки хавф бар рахнасозии фарҳанги ҳазорсолаи миллати тоҷикро доранд, бояд бо ҳар роҳу восита ҷилавгирӣ карда шавад. Зеро ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳоҷуми фарҳангӣ барои аз байн бурдани фарҳангу тамадунҳои қадима аз ҷониби иддае аз давлатҳои абарқудрат мавриди амал қарор гирифтааст. Албатта имрўз равандҳои ҷаҳонишавӣ шиддат мегиранд, ки метавонад ба тафаккур ва зеҳни насли наврас, алалхусус ҷавонон таъсири манфӣ гузорад.

       «Барои худшиносӣ китоб зарур аст.
Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд.
Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст,
ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин халқи
аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад,
ки бе ойина рўи худро дида наметавонад».

Феълан зарурат пеш омадааст, ки кормандони муассисаҳои илмю фарҳангӣ барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои додашуда, фаъолият худро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Дар навбати худ мардуми кишвар, бахусус мо ҷавононро лозим аст, ки аз шароити фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, баҳри ободӣ ва сарсабзии Ватан кўшишу талош намоем.

       Имрўз яке аз муассисаҳое, ки дар тарбияи насли наврас ва боло бардоштани худшиносию фарҳанги ҷавонон саҳми арзанда дорад, ин Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Хушбахтона, тўли панҷ сол мешавад, ки ин боргоҳи маърифат дар бинои бошукуҳу замонавӣ, дар фазои сулҳу ваҳдат ба хонандагон ва дўстдорони худ, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, хизмат мерасонад.  Ин ҳама талошҳои ҳукумат баҳри соҳибилм ва соҳибмаърифат гардидани ҷавонон мебошад, то ҷавонон аз ин ганҷинаи миллат, донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ намоянд ва дар оянда барои осудагию ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.                                                                                    

 

 



Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
сардори Шуъбаи  нигоҳдории
депозитарии КМТ