Activities calendar

16 июня 2016

Чаро Девдара Гулдара шуд?

Бесомониҳое, ки баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ арзи вуҷуд кард, вазъи бисёр давлатҳоро мураккаб сохт. Аз ҷумла Тоҷикистон низ дар ин гардиши сиёсӣ ба вартаи ҳалокат рў ба рў гардид.
Соли 1992 низоъҳои сиёсӣ Ватани азизу маҳбуби моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Мардуми бесарусомон хонадони худро гузошта, ҳар тараф пош хўрданд. Тарсу ваҳм ва даҳшат ҳамаро саросар фаро гирифта, дигар умед...

Дарси хештаншиносӣ аз «Мероси хаттии бостон»

Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мўътабар аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо дар аҳди бостон маҳсуб мешаванд. Сарчашмаҳои таърихие, ки ба забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра таълиф шуда, роҷеъ ба ин тамаддуни ҷаҳонафрўзи бостонӣ матолиб ва мадорики

«Таърихи Систон» - китобе дигар силсилаи “Тоҷнома”

Китоби «Таърихи Систон» бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2014 дар ҳаҷми 352 саҳифа дар таҳия, муқаддима ва тавзеҳоти донишмандони тоҷик Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттордар нашриёти “Бухоро” чоп шудааст.