Activities calendar

01 июня 2016

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар фазои боз

Дар охирин рӯзи моҳи май, баъд аз зуҳр дар як фазои озоду кушод маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Маҳфиле, ки барои ҳамагон ошност. Маҳфиле, ки солҳост бо талошҳои фазояндаи шоири маъруфи кишвар Хайрандеш ҳамвора баргузор мешавад.
Ин маҳфил як маҳфили шеъру тарона аст, ки бо ширкати васеъи мардум баргузор мешавад. Хайрандеш барои маҳфил ҳамеша макону замони

Ҳама рӯзи мо рӯзи кӯдак бояд бошад

Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ки як рӯзро дар як сол ба кӯдак ихтисос додан на ба он маъност, ки танҳо дар ҳамин як рӯз мо бояд бо тифлакон бошем, ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намоем. Кӯдаки солим замоне ба камол мерасад, ки калонсолон, ба вежа волидон дар хона ва мураббиён дар боғчаву мактаб ҳамеша дар тарбияи дурусти вай кӯшо бошанд.

Оғози мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Сар аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқоти шоҳмот миёни нобиноён ва маъюбон оғоз гардид.  Ин зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда он ба бозии ҳамасола миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд  табдил ёбад.
Созмондиҳандагонаш мегӯянд ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон аст.
Ширкаткунандагон аъзои клуби маҷруҳони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд, ки ...

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам...

Шояд бисёриҳо ин мисраъҳои устоди равоншод Лоиқ Шералиро ёд доранд. Шеъре саропо аз таманноҳои як марди баркамол, ки орзу борад ақалан боре кӯдаки нодон шавад. 

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.