Ҳама рӯзи мо рӯзи кӯдак бояд бошад

Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ки як рӯзро дар як сол ба кӯдак ихтисос додан на ба он маъност, ки танҳо дар ҳамин як рӯз мо бояд бо тифлакон бошем, ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намоем. Кӯдаки солим замоне ба камол мерасад, ки калонсолон, ба вежа волидон дар хона ва мураббиён дар боғчаву мактаб ҳамеша дар тарбияи дурусти вай кӯшо бошанд.

Директори Китобхонаи миллӣ, ки имрӯз дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдак суханронӣ мекард, аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд кард. Вай гуфт, Сарвари давлат ба ояндаи насли наврас таваҷҷуҳи вежа дорад ва ҳамеша тарғиб мекунад, ки атфоли мо дар руҳияи меҳанпарастӣ тарбият ёбанд ва шахсони бомаърифат ба камол расанд.

Сайфиддин Назарзода суханони Пешвои миллатро иқтибос овард, ки дар мавриде гуфта: «Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

 Дар ин чорабинӣ зумрае аз адибони кӯдакнависи кишвар Алӣ Бобоҷон, Насим Раҷабов, Ҷўра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзод ширкат ва суханронӣ намуданд. Аз эҷодиёти худ намунаҳо хонданд.

Чӣ хуш аст барои атфол нишастан бо онҳое, ки барояшон беҳтарин шеърҳо ва қиссаҳоро навиштаанд. 

Дар қисмати дуюми чорабинии мазкур хонандагони Муассисаи таълимии № 15 шеърхонӣ карданд, муҳассилини  мактаб –интернати мусиқии ба номи Миратулло Атоев навозандагӣ ва таронасароӣ намуданд. 

 Ҳамзамон, дар охири чорабинӣ  намоиши маҳсули дастони аъзоёни хурдсоли толори кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ  ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар охир, ба меҳмонони чорабинӣ аз номи маъмурияти Китобхона тўҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки  Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ҳанўз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардид. Ин сана мо – калонсолонро ёдрас мекунад, ки  масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, рушди маънавиву ахлоқии онҳо бар дўши мост. Мо онҳоро бояд дўст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем.