Ҳамарўза барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» дар Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Донишгоҳу Донишкадаҳои Ҷумҳурӣ тибқи нақшаи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҷараён дорад.
Имрӯз, 4-уми ноябр гуруҳе аз кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир муштаракан бо шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии (МИСИС) Москав дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд. Мулоқот дар остонаи ҷашни пуршукуҳи 22-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва табиист, ки дар атрофи ин санаи муҳим низ суҳбат шуд.
Баъдан ба донишҷўён тарзи дастрас намудани адабиёт, истифода аз феҳристҳои электронӣ ва қуттиҳои феҳрист, тарзи хизматрасонии толорҳо, Марказҳо, шуъбаҳо ва гўшаҳои фарҳангӣ маълумот доданд, инчунин доир ба омўзиши забонҳо дар Китобхона маълумот доданд.
Худи ҳамин рӯз кормандони шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар низ барои тарғиб ва баргузории барномаи мазкур ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат рафтанд.
Зимни мулоқот бо донишҷӯён роҷеъ ба таърих, сохторщову самтҳои фаъолияти онҳо, хизматрасонӣ, меъёрҳои одоби Китобхона маълумоти мушаххас ироа гардид. Дар интиҳо аз ҷониби устодону донишҷӯён оид ба шумораи умумии аъзои Китобхона, теъдоди хонандагон, бойгонӣ ва истифода аз он суолҳо пешниҳод шуданд, ки ба он кормандони китобхона посухҳои мушаххас доданд.
Пас аз анҷоми мулоқот бо роҳнамоии муовини ректор оид ба тарбия Баҳриддин Ҷабборов ва сардори шуъбаи тарбия аз китобхонаи донишкада дидан намуда, бо кормандони он суҳбати хоса доир карданд.
Пешниҳод шуд, ки тавассути соатҳои тарбиявӣ баргузории саёҳат ба шуъбаву толорҳои хониш роҳандозӣ шавад ва барои пешниҳоди саривақтии маводи тозанашр ба Китобхонаи миллӣ иқдомҳо сурат гиранд.
Дар мулоқот бо донишҷӯён ва устодон сухан бештар аз китоб ва Китобхона рафт. Донишҷӯён бештар аз шароити китобхона ва шеваҳои узвият дар он ва бойгонии китобҳои нодир суол карданд. Дар фарҷом ба донишҷўён ва устодони Донишгоҳ варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.