Идомаи даъватҳо ба китоб ва Китобхона
Нашр шуд 2016-11-17 17:01
Дар остонаи Рӯзи Президент кормандони шуъбаҳои илми-татқиқотӣ, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 47,50, 54 –и шаҳри Душанбе рафтанд ва дар доираи барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» бо хонандагон ва муаллимони ин муассисаҳои таълимӣ суҳбат карданд.
Дар оғоз хонандагонро ба Рӯзи дарҳои боз даъват карданд ва гуфтанд, ки бахшида ба Рӯзи Президент Китобхона як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ тарҳрезӣ кардааст, ки басо диданиву ҷолибанд.
Ҳамзамон дар ҷараёни суҳбат ба хонандагон дар бораи шароитҳои китобхона, толорҳои хониш, китобҳои нодир, дарсҳои забономӯзӣ ва ғайра маълумот доданд.
Миёни кормандони Китобхона ва хонандагони ин мактабҳо табодули афкор сурат гирифт.
Худи ҳамон рӯз кормандони шуъбаҳои дасхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, нигоҳдории депозиторӣ ба муассисаҳои таълим ии рақамҳои 59,60, 64, 66, 67 рафтанд ва бо хонандагону устодони онҳо дар бораи Китобхонаи миллӣ ҳамсуҳбат шуданд ва онҳоро ба Китобхона даъват карданд.