Ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.
Дари боз як намоиши китоб дар Китобхонаи миллӣ боз шуд. Ин бор Шуъбаи хизматрасонии махсус бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон як намоиши хеле ҷолиби 16 китобро барои касоне ташкил кардааст, ки мехоҳанд дар бораи Конститутсияи кишвар хонанду донанд.