Намоиши китоб бахшида ба рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон
Нашр шуд 2016-11-06 01:58
Дари боз як намоиши китоб дар Китобхонаи миллӣ боз шуд. Ин бор Шуъбаи хизматрасонии махсус бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон як намоиши хеле ҷолиби 16 китобро барои касоне ташкил кардааст, ки мехоҳанд дар бораи Конститутсияи кишвар хонанду донанд.
Дар намоиш китобҳое аз қабили “Савганди Президенти Тоҷикистон”, “Маҷмуъаи Конститутсияҳои Тоҷикистон”, “Тафсири илмиву омммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Конститутсия заминаи ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ”, “Ёддошт барои маъюбон”, “Кӯдакони дорои маълулият” ва ғайра мебошанд.
Ҳамчунин мақолоти зиёде дар маҷаллаву рӯзномаҳои чопи кишвар низ ба намоиш гузошта шудаанд.