Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Шуъбаи хизматрасонии махуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ намоиши китоб доир намуд.
Дар намоиш наздик ба 40 нусха китобҳои тозанашр ва китобҳое, ки солҳои гуногун дар бораи Ваҳдат, якпорчагӣ, Сулҳ интишор ёфтаанд, гирдоварӣ шудаанд.
Аз ҷумла, китобҳои Қ. Восиев «Садафи Ваҳдат -  Пешвои миллат», Душанбе 2016,  Раънои Мубориз  «Нури Ваҳдат», Душанбе 2015, “Назарияи Ваҳдат”,  Душанбе 2012, Ҳ. Муҳаммадзод  «Ваҳдат ҷону мадори миллат», «Ваҳдати миллӣ» (Китобнома), Душанбе 2014, «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», Душанбе 2011, «Муқаддимаи идеяи миллӣ», Душанбе 2013 ва ғайраҳо мебошанд.
Дари Шуъбаи хизматрасонии махсус ва толори хониши он ба рӯйи хонандагон ҳамеша боз аст. Хоҳишмандон метавонанд на танҳо аз ин намоиш дидан кунанд, балки онҳоро дар толор мутолиа намоянд