Аз хусуси ваҳдати миллӣ, вежагиҳову хуҷастагиҳои он хеле зиёд гуфтаву навишта шудааст. Имрӯз ҷои баҳс нест, ки дастоварди бузургтарини миллати мо Ваҳдати миллист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора барҳақ гуфтаанд: “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.
Мо имрӯз хурду бузург вожаи ваҳдатро дар гуфтори ҳамарӯзаамон бисёр истифода мебарем. Ин вожа барои мо муқаддас аст, зеро дар он армони ҳазорсолаи халқи мо таҷассум ёфтааст. Ин вожа барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст. Ин вожа ҳамон офтоби дурахшонест, ки роҳи моро дар ҷодаҳои на ҳамеша ҳамвору на
Истиқлолияти Тоҷикистон ба дусолагии ман рост омад. Моҳи июли соли 1989 ба дунё омадам, он замон мо давлати дигар доштем, ки СССР ном дошт. Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон як бахши ҳамин СССР-и паҳновар маҳсуб мешуд. Ман ду сол дар он кишвар овони кӯдакӣ сипарӣ мекардам, ки Тоҷикистон истиқлолият ёфт. Ва боз соле нагузашта ҷанг сар шуд, ҷанги дохилӣ. Ва ман сесола будам, ки садои тир оромиши кишвари моро халалдор кард. Ҳамин тариқ кӯдакии ман миёни обу оташ буд, дар кишвар ҷанг ва мани кӯдак озод аз ҳамаи ин ташвишҳо бо орзуҳои кӯдакӣ зиндагонӣ доштам.