Холов Бозорбой Сайфуллоевич 20 августи соли 1956 дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод таваллуд ёфтааст.
Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, солиёни зиёд дар вазифаҳои сарбиблиографи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (соли 1977), мудири кабинети факултаи китобдорӣ (солҳои 1979-1980), омўзгори кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1980-1983), омўзгори калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Тусунзода (солҳои 1983-1985), аспиранти Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Санкт-Петербург (солҳои 1985-1988), дотсенти кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1988-1992), мудири каяедраи китобхонашиносӣ (солҳои 1992-1994)
Бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши асолати миллӣ дар худшиносии миллӣ» конфронси илмӣ-оммавӣ баргузор гардид.
Конфронс директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ намуд ва дар бораи худшиносӣ ва дарки Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад.
Сипас, шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ андешаҳои худро дар мавзуъи...
Тӯли ҳафтаи сипаригардида дар толори бахши кўдакон ва наврасон сабти ду барномаи телевизионии «Беҳтар аз дўст» сурат гирифт. Ҳадафи асосии барномаи мазкур чуноне аз номаш пайдост, ошноии кӯдакону наврасон бо дӯсти ҳамешагии инсон, ҳамсафари роҳҳои дур, ҳамсуҳбати ширинзабон ва машваратчии ҳамешагӣ КИТОБ аст. Дар ҳар барнома интихобан як китобе аз адабиёти пурғановати ҷаҳон ва
Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замонӣ саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.
Таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги дохиливу бародаркуш ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, дар як муҳлати кӯтоҳтарин дар амал пиёда намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, дар амал татбиқ намудани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд. Тамоми ин дастоварду муваффақияту музаффариятҳо зери роҳбариву роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии
Соли 1927 филиали Академияи фанҳои Шўравӣ дар шаҳри Тошканд «Ҷамъият доир ба омўзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронинажод берун аз сарҳади он» асареро бо номи «Дар бораи Тоҷикистон» (По Таджикистану) аз чоп баровард. Муаллифи асари мазкур Андреев Михаил Степанович мебошад, ки дар он реҷеъ ба экспедитсияи этнографии Тоҷикистон дар соли 1925 нақл мекунад. Ин асар бо забони русӣ буда, ҳамчун ҳисобот ё худ натиҷагирӣ аз корҳои