“Беҳтар аз дўст” бо ширкати Азизи Азиз

Тӯли ҳафтаи сипаригардида дар толори бахши кўдакон ва наврасон сабти ду барномаи телевизионии «Беҳтар аз дўст» сурат гирифт.

Ҳадафи асосии барномаи мазкур чуноне аз номаш пайдост, ошноии кӯдакону наврасон бо дӯсти ҳамешагии инсон, ҳамсафари роҳҳои дур, ҳамсуҳбати ширинзабон ва машваратчии ҳамешагӣ КИТОБ аст. Дар ҳар барнома интихобан як китобе аз адабиёти пурғановати ҷаҳон ва Тоҷикистон мавриди суҳбат қарор мегирад ва таҳиягарон мекӯшанд дар суҳбат бо хонандагони ҷавони толори хониши кӯдакон ба ҳамаи ҳамсолони онҳо дар кишвар ва хориҷ аз он муроҷиат кунанд ва ин китобро мавриди суҳбат ва саволу ҷавоб қарор диҳанд.

    Ин навбат асари барҷастаи Садриддин Айнӣ “Қаҳрамони халқи тоҷик” бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи № 45 ва №64 ноҳияи Рудакӣ мавриди суҳбат қарор гирифт ва дар барнома бештар аз 30 нафар ширкат карданд.

Нависандаи тоҷик Азизи Азиз суҳбаторои ин барнома буд ва бо як лаҳни хоси ҳамин синну сол басо содаву осон дар атрофи  асар бо ширкаткунандагон суҳбат кард.