Субҳи имрӯз, 23 - уми май дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ конфронси илмӣ –оммавӣ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат – пойдевори миллат» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани...
Аввалин бонуи академик Хуршеда Отахонова, донишманди шинохта ва яке аз пуркортарин олимони кишвар субҳи имрӯз дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Академик Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2 –юми сентябри соли 1932 дида ба олам кушодааст. То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил крадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидааст.
Падараш Отахон Мўсохоҷаев, соли таваллудаш соли 1901, то соли 1937 дар идораҳои давлатӣ ва советӣ кор мекард. Соли 1937 аз тарафи Коммиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба муддати даҳ сол ба ҳабс маҳкум карда шуд...