Фахриддини Розӣ яке аз мутафаккирони маъруфест, ки дар оғози марҳилаи сеюми инкишофи илми калом зиставу фаъолият кардааст. Дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, олимону муаррихон ўро ҳамчун мутакаллими варзида ва идомадиҳандаи роҳу равиши Муҳаммади Ғазолӣ васф кардаанд. Аксари муаррихону муҳаққиқон дар бораи ин, ки Фахриддини Розӣ мутакаллим аст ё файласуф, сухан гуфтаву андешаҳои худро баён доштаанд. Донишманди эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ дар бораи Фахруддини Розӣ чунин гуфтааст: «…ҳам фақеҳ буд, ҳам мутакаллим ва ҳам муфассир ва ҳам файласуф ва ҳам пизишк ва ҳам хатиб…Дар айни ин, ки дар афкори фалосифа ворид аст ва таълимоти гаронбаҳо дар фалсафа дорад, тарзи тафаккураш тафаккури каломӣ аст на фалсафӣ ва сахт бар фалосифа метозад ва дар
Равандҳои хизматрасонии библиографӣ ба истифодабарандагон дар собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо самтҳои афзалияти худ ба шакли анъанавӣ амалӣ мегардид. Баъди ба фаъолият шурўъ намудани Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (аз 20 марти 2012) ин шакли фаъолият самтҳои худро васеъ намуд. Акнун дар раванди фаъолияти хизматрасони маълумотдиҳии библиографӣ самтҳои анъанавӣ қадамҳои