Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо
Нашр шуд 2019-12-30 08:40
Дирўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзуъи «Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо ва ороиши Арчаи солинавӣ» баргузор шуд, ки дар он хонандагони наврас ширкат ва дар атрофи мавзуъ баҳс карданд.
Мураббӣ ба бачаҳо рӯ овард ва гуфт, ки зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно зебою нуқрагун, руҳбахшу рушангари қалбҳост. Тамошои бориши барф аз паси оинаи хонаи гарм таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад, ё берун меоиву барфи алмосӣ ба рўят дона-дона мерезад.
Фасли зимистон чун баҳору тирамоҳ бо нуру ҷилояш, бо шаби ялдояш, бо сандалию гирди ҳам омадани кулли аъзои хонавода аз ҷониби адибон тараннум мешавад. Шабҳои тўлонӣ, сукути зебои табиат, покизагии ҳавою нафас, барои бисёре аз соҳибони қалам манбаи илҳом аст.
Зимистон аёми сардӣ буда, дар он рустаниҳо аз ҷумла гулу дарахтон муддате аз рустан бозмемонанд, аммо дарахтон аз ин хунукӣ намемиранд, балки то расидани фурсати дигар карахт мешаван ва чун баҳор ом ад, ба сабзиши худ идома медиҳанд.
Зимистон чист? Зимистон яке аз чор фасли сол мебошад ва дар ҳар кишвари дунё он дар ҳар гуна моҳу рўз фаро мерасад. Масалан, зимистон агар дар Тоҷикистон моҳи декабр фаро расад, дар кишварҳои Австралия, Чиллӣ, Мадагаскар, Перу одатан моҳи март оғоз мегардад. Сабаб дар он, ки офтоб одатан моҳҳои декабр қисмати ҷанубии сайёраи моро бештар гарм мекунад ва барои ҳамин ҳам аз сабаби кам будани нури офтоб дар қисмати шимолии кураи замин ин минтақаҳо хунук мешаванд.
Ҳарчанд Соли нави мелодӣ наздик шуда бошад, ҳам вале сокинони тамоми мамлакат омодагиҳоро барои таҷлили бошукўҳи он рўз шурўъ мекунанд. Хурсандиҳои бесаброна барои ҷашн гирифтани ин ид, ки дар дар 80-соли охир ба ҳукми анъана даромадааст, чӣ дар доираи оила, дар шаҳр, деҳот ва дар тамоми ҷумҳуриҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст.
Манзараи фасли зимистон дар кўҳҳо ва дар қишлоқҷойҳо вақте, ки пур аз барф аст, хеле зебову аҷоиб мешавад, ки аз назар андохтан ба ин гуна манзара ҳаловати зиёд метавон гирифт. Барои бачагон зимистон ин айёми барфбозӣ, ҷашни солинавӣ, бобои барфӣ сохтан, яхмолакбозӣ аст, ки дар ёди худ то ба пирӣ ёддошт мешавад. Лек дар баъзе кишварҳо фасли зимистони хунук вуҷуд надорад, чунки офтоб онҳоро доимо гарм нигоҳ медорад. Ба чунин кишварҳо дохил мешаванд; ҷумҳуриҳои Африқо, Индонезия ва Амрикои миёна.
Ҳавои сард омад, ҷўй ях баст,
Фарози кўҳоро абр пўшид.
Шамоли тунд аз машриқ хурўшид,
Ба рўйи бому дарҳо барф биншаст.
Ба ҷойи зўзҳо гарму тафсон
Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!
Ба рўйи тепа шодон мебароем,
Ки рўйи барфи нав ҳар сўй тозем
Ки ҷо-ҷо ҳайкале аз барф созем,
Зи нав васфи зимистонро сароем;
Ба ҷойи рўзҳои гарму тафсон
Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!
Куҷо дорем мо парвои сармо,
Биборад акнун ҳар қадар ҳам?
Ба зери барф монад бому дар ҳам.
Набошад интиҳо шодии моро:
Ба ҷойи рўзҳои гарму тафсон
Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!
Сипас, муаллима бо хонандагон суолу ҷавоб намуда, шеърҳо ва чистонҳои ҷолиб қироат карданд ва баъдан чӣ тавр сохтани манзараи фасли зимистон ва ороишоти солинавиро нишон дода, бо истифода аз истифодаи маводҳои конселярӣ ва табиӣ аз қабили коғази ранга, пахта ва ширеш тайёр намуданд.
Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасони КМТ