Мафҳуми достон ва собиқаи достонсароӣ

 Маънии луғавии достон  шуҳрат ва масал  (Бурҳони қотеъ),  шаҳри воқиа (Фарҳанги забони паҳлавӣ  1386, 137), саргузашт, афсона, машҳур, забонзад  (Фарҳанги форси Муин, зайли вожа). Достон ба маънои луғавӣ дар «Шоҳнома»  истифода шудааст, аммо асли маънои он як рўйдоди анҷомёфта ва ба натиҷае расида мебошад, ки дар ин суханони Фирдавсӣ мулоҳиза шудаанд:

                        Кунун пуршигифте яке достон

                        Бипайвандам аз гуфтаи бостон.   (Шоҳнома 1, 164)

 

                         Кунун, эй сухангўй   бедормағз,

                         Яке  достоне биёрой   нағз   (Шоҳнома  2, 201).

                        

                        Куҳан гашта ин достонҳо зи бун,

                        Ҳаме нав шавад рўзгори каҳун  (Ҳамон, 202).

 

                        Бипаймой май,  то яке достон,

                       Зи дафтар-т бар хонам аз бостон. (Шоҳнома  3, 305).

              

                       Кунун з-ин сипас номаи бостон,

                       Бипайвандам аз гуфтаи ростон  (Шоҳномаи 4, 174).

 

                      Чу бишнид Бўроб аз ў достон,

                      Ба ёрии ў гашт ҳамдостон. (Шоҳнома 7, 71).

 

                    Зи деҳқон кунун бишнав ин достон,

                    Ки бар хонад аз гуфтаи бостон. (Шохнома 7, 219).

 

         Наям андар ин кор ҳамдостон,

         Мазан пеши мо з-ин сипас достон. (Шохнома 8, 359).

  Аз ин абёт пайдост, ки достон ҳикоя, хабар, ривоят ё афсонаест маълум ва нигоранда  онро мепайвандад, меорояд, нав мекунад, аз  дафтари ба гуфтаи бостон мехонад. Ба ин ивосита ў чизи нав меофаринад ва ба вуҷуд меорад, яъне  амали офаринандагӣ ҷой меорад. Корею амале низ достон аст ва ҳамроҳӣ дар онро Фирдавсӣ ҳамдостон гуфтааст.

  Дар назарияи адабиёт ва адабиётшиносии муосири тоҷикӣ, албатта, бо таъсиро ва пайравӣ аз таълимоти адабии русӣ асари адабии бузурги манзумро достон мегӯем, ки дар ҳадди ҳаҷми қисса (повест)  ва румон бошад.  Насри адабӣ бо истилоҳҳои нақл, масал, ҳикоя, қисса (повест)  румон  дастабандӣ ва шинохта шудааст. Дар ин гуфтор мо ба ҳамин система такя дорем, ки аз унвонгузорӣ ва дастабандии анвои адабӣ дар таҳқиқи адабии муосири Эрон тафовути чашмрасе дорад аз ин мавқеи назар дар адабиёти асри даҳ ва аввали асри ёздаҳ (қарни чаҳор ва нимаи аввали панҷуми ҳиҷрӣ)  чизи каме дар риштаи назм мавҷуд  аст, ки мо  онҳоро сареҳан достон гуфтан битавонем. «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ ва соири манзумаҳои  дигари ў, ки аз онҳо  бо миқдоре абёт нишонаҳое дорем, кутуби ҳикоёти тамсилӣ мебошад. Гузашта  аз осори мазбури Рўдакӣ аввалин достонҳои манзуми забони порсии дарӣ  дар заминаи ҳамосаи миллии «Шохнома»  ба вуҷуд омадаанд. Аввалин шахсе, ки ба ин кори нек иқдом ниҳод, Масъудии Марвазӣ буд. Чун таснифи ин китоб ба оғози қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ рост меояд, гузориши манзуми достонҳои «Шоҳнома»  ва оғози достонсароӣ ва порсии дарӣ, ки айни авҷи камолоти эҷодии Шаҳиди Балхӣ  ва Рўдакӣ барин шоирони бунёдгузори назми ин адабиёт буданд, рост  меояд.  Манзумаи Масъудии Марвазӣ чун таърихи миллӣ  тасаввур мешуд ва асари маъруф буд, аз он се байт дастраси имрўзиён аст (Таърихи адабиёт дар Эрон 1, 229-230).

  Абўалӣ Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Балхӣ аш-Шоир шоҳномаи насрӣ навишта ва Абдурайҳони Берунӣ аз он дар «Осор-ул-боқия» сухан гуфта ва дар якҷоягӣ бо дигар  шоҳномаҳои манзуму мансури дигар ба ривоҷи  достонсароӣ бегумон саҳме гузоштааст (Таърихи адабиёт дар Эрон 1, 612-613).

  Достони дигаре, ки дар миёнаи қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ (даҳуми мелодӣ)  иншо шуда, «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдулмуайяди Балхӣ буд, ки дар баҳри мутақориб таълиф ёфта ва аз он гўё ин байт боқӣ мондааст:

         Дилеро, ки тарсад зи пайкори шер,

         Зани зоҷ хонаш, на марди далер.

                                                    (Таърихи авдабиёт дар Эрон 1, 402-403)

  Абўшакури Балхӣ  маснавии «Офариннома»-ро дар солҳои 333-336  ҳиҷрӣ (944-45\ 947-48 мелодӣ)  навиштааст ва ин натиҷаи мулоҳизаи доктор  Забеҳулло  Сафо аз ин ду санаи маълум мебошад (ҳамон, 405).

Ин  достон  ба равиши андарзномаҳои аҳди Сосонӣ аст ва мо дар ин мавзўъ баъдан сухан хоҳем гуфт.

    «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ, ки аз муносибати Фирдавсӣ ба шахсияти ин шоири ҷавон фавтида ва достони ў дар мавриди муносиб сухан  гуфтаем, барои Фирдавсӣ намунаи манзум сохтани «Шоҳнома» буд. Ин ҷо ҳаминро бигўем, ки  Дақиқӣ  суннати  достонсароии «Шоҳнома»-ро идома дод ва ба назми ин ҳамоса даст дароз кард ва умри кўтоҳ анҷоми чунин коре, шоистаро ба ў  насиб накард. Фирдавсӣ худро давомдиҳандаи  кори  Дақиқӣ  медонад ва мегўяд:

              Гирифтам  ба гўянда бар офарин,

              Ки пайвандро роҳ дод андар ин.

              Агарчи напайваст ҷуз андаке,

              Зи разму зи бамз аз ҳазорон яке.

              Ҳам ў   буд гўяндаро роҳбар,

             Ки шоҳӣ нишонд абар гоҳ бар.  (Шоҳнома 5, 176)

Унсурии Балхӣ (вафот 431  ҳиҷрӣ/  1039-40 мелодӣ)  ҳамзамони ҷавонтари Фирдавсӣ буд, ки се маснавии  достонӣ навиштааст: «Шодбаҳр ва Айнулҳуют»,  «Вомиқу Узро»  ва «Хингбут ва Сурхбут». «Вомиқу Узро» достоне куҳан буд ва Унсурӣ онро ба низом овард ва дар баҳри мутақориб суруд. Ду достони дигар дар мавзўъҳои  маҳаллӣ буданд ва онҳоро Абўрайҳони Беруни аз порсӣ ба арабӣ гардонд (Таърихи адабиёт дар Эрон 1,559-560). Дар замоне ба ҳам наздик ба вуҷуд омадани достонҳои Дақиқӣ,  Фирдавсӣ ва Унсурӣ гувоҳи  дар охири асри даҳум ва махсусан дар аввали асри ёздаҳум (қарнҳои чор оғози қарни панҷуми ҳиҷрӣ)  заминаи бисёр  устуворе бар ҳунари шеъру шоирӣ ва ҳунари суханварии порсии дарӣ гузоштани адибон, бахусус Рўдакӣ ва ҳамзамонону наздикони баъдии ў  мебошад. Хусусан ба вуҷуд омадани мактаб ва сабки суханварии аз лиҳози вазни шеър, забону саноеъ умумият ёфта ва анвои сареҳ саъй ва кўшиш замони мусоидро тақозо менамояд. Дар як вазни баҳри мутақориб навишта шудани манзумаҳои Дақиқӣ,  Фирдавсӣ ва «Вомиқу Узро»-и Унсурӣ далолат бар равиши хос гирифтани достонсароӣ менамояд.  

Бознашр аз китоби профессор Худоӣ Шарифзода “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ”. Душанбе, соли 2014

Таҳияи Малика Абдуллоева